Ғалабаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба наврасони Ӯзбекистон

Shared to Facebook

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии якуми рафиқона ҳамсолонашон аз Ӯзбекистонро бо ҳисоби бузург шикаст додаанд.

Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии рафиқона миёни тимҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистону Ӯзбекистон шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 6:3 хотима ёфт.

Голи аввалро бозингари тими меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум кушода, бозингари мунтахаби Тоҷикистон Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард.

Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи панҷум ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақиқаи 78 голи шашуми мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳадаф расонданд.

Дар нимаи дуюм бозигарони меҳмон Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол заданд.

Дар назар аст, ки имрӯз, 13 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии дӯстона доир гардад.