Ба оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои марзӣ замини наздиҳавлигӣ доданд

Shared to Facebook

Мақомоти шаҳри Исфара ба оилаҳои 10 нафар шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадии рӯзҳои 28-29 апрел рухдода қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ҷудо карда додани қитъаҳои замин гуфтааст, ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои ешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ба дастгирии оилаҳои шаҳидони муноқишаҳо равона карда шудааст.

Бино ба иттилоъи котиботи ҳукумати шаҳри Исфара, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ворух ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд.

Гуфта мешавад, вазъи оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардидаву шаҳидгардида, раванди таҳсили фарзандони онҳо зери назари мақомот ва роҳбарияти шаҳри Исфара қарор дорад.

“Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳоваддин Баҳодурзода миннатдор ҳастем. Зеро дар лаҳзаҳои вазнин дар паҳлуи мо буданд, дасти кумаку мадад дароз намуданд. Бо иқдоми бевоситаи шаҳрдорӣ аз шаҳри Исфара замини наздиҳавлигӣ доданд. Ҳамаи ин бори дигар моро бовар мекунонад, ки Ҳукумати кишвар мудом дар ғами мардум аст. Ин ҳолатро ман дар зиндагӣ ва сарнавишти худ дидам”, — гуфтааст яке аз ҷабрдидагон дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ Раҳматҷон Ниёзов.

Мақомоти шаҳри Исфара мегӯянд, додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба зарардидагони ҳамлаи мусаллаҳонаи қирғиз, — ин охири кор нест.

“Дар назар аст, ки минбаъд низ бо ҷалби захираҳои дохилӣ, қувваи соҳибкорону ватанпарастон ба оилаҳои ҷабрдидаи муноқишаҳо кумаку мадад расонида шавад. Таҳсили фарзандони ин оилаҳо бевосита зери назари роҳбарияти шаҳр аст”.

Зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода таъкид намудааст, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.