19 июни соли 2026 дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвилӣ доир гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ба дурнамои муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода, омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва ниҳодҳои тахассусии он, таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум баргузор шуда, азми ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон тасдиқ гардид.
➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон





