Саммити “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея”

Shared to Facebook

16 июни соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи дуюми шахсони олимақоми масъул оид ба омодагӣ ба Саммити якуми сарони давлатҳои формати “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар иштирок намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба масъалаҳои гуногуни ташкилӣ ва муҳтавойии марбут ба баргузории Саммити якуми сарони давлатҳои формати “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея” мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.