Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон санаи 5 июни соли ҷорӣ маросими қадрдонии ғолибони озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» баргузор гардид, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти бонк.
Ин чорабинӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии занони фаъоли бахши бонкӣ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми арзишманди занон дар рушди низоми молиявии кишвар нигаронида шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки корманди ҶСК «Ориёнбонк» — Муҳамадова Рухшона, сардори Шуъбаи хавфҳои амалиётҳои кортҳои бонкӣ, яке аз ғолибони ин озмун гардида, бо дипломи расмӣ сарфароз гардид. Маҳорати баланди касбӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди соҳаи бонкдорӣ сазовори баҳои баланд аст.
«Боиси ифтихори бузург аст, ки номи ман дар қатори ғолибони ин озмун зикр гардид. Ин эътироф маро водор месозад, ки фаъолияти худро боз ҳам устувортар намуда, дар шукуфоии низоми бонкии кишвар саҳми арзишманд гузорам», — таъкид намуд Рухшона Муҳамадова.
Ғолибони озмун барои фаъолияти барҷастаи касбӣ, сатҳи баланди лаёқатмандӣ ва саҳми назаррас дар рушди соҳаи бонкдории кишвар интихоб карда шуданд.




