4,9 млн сомонӣ — кумаки яквақтаи Рустами Эмомалӣ ба ниёзмандон

Shared to Facebook

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, 4 913 300 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.

Бино ба маълумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, қарори марбутаи Раиси шаҳр рӯзи 2 сентябр тасвиб шуд.

Ҳамакнун Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи мазкурро ҷудо намояд.

Ҳамзамон ба Раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино дастур дода шудааст, ки дар таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

Бино ба маълумоти манбаъ, тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли равон ба роҳ монда мешаванд:

“Кумак ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои пойтахт бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо расонида мешавад. Ҳавасмандгардонии кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе сурат мегирад”, — гузориш додааст АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.