Имрӯз, 27 октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ду корхонаи нави истеҳсолиро ба истифода доданд.
Нахуст корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Эко Блок” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Акбар Асадулло бунёд гардидааст. Иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор рафта, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар сохта шудааст.
Ба гуфтаи масъулин, корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид гардидаанд, муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 300 ҳазор метри мукааб газоблок баробар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан ин навъи масолеҳи сохтмонӣ қисман аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав ҳафт намуди газоблок дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, ки дар соҳаи сохтмон ба таври васеъ истифода мешавад.
Раванди истеҳсол шаш марҳиларо дар бар гирифта, аз омода намудани ашёи хом ва қолаббандӣ то буғдиҳӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулотро фаро мегирад. Ҳамаи ин марҳилаҳо бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври худкор анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа меҳнати дастӣ ба ҳадди камтарин расонида шудааст.
Ҳоло газоблокҳо бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сантиметр истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин, бо дарназардошти талабот ва фармоиши харидорон, имкони истеҳсоли маҳсулот бо шаклу андозаҳои дигар низ мавҷуд аст.
Корхона, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва хобгоҳ мебошад.
Ба истифода додани чунин корхонаи муосир ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва рушди содирот мусоидат менамояд.
Ба иттилоъи расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 35 корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият дошта, дар нуҳ моҳи соли равон дар ин корхонаҳо 150 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.
Ба маълумоти масъулон, дар 9 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли газоблок ба 10 ҳазор метри мукааб расидааст.
Президент иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.
Ба масъулон дастур дода шудааст, ки дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ба сифати маҳсулот, риояи меъёрҳои муқарраршуда ва рақобатпазирии он дар бозор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар идома, Президент ва Раиси шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Шаҳдоб” оғоз бахшиданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нӯшобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхона дорои се хатти технологӣ буда, дар ду хатти аввал оби нӯшокию дигар нӯшобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхона иттилоъ дода шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосири каммасрафи неруи барқ мебошанд.
Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии ду хатти аввал дар як шабонарӯз 400 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обу нӯшобаҳо дар зарфҳои ҳаҷмашон аз 500 миллилитр то 10 литр истеҳсол шуда, бо тамғаи “Шаҳдоб” ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.
Дар маҷмуъ, дар ин ҷо наздик ба 50 навъи нушобаҳо истеҳсол гардида, бо таъму сифати муносиб ба истеъмолкунандагон пешниҳод мегардад.
Сифат ва бехатарии маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Ин раванд бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ сурат мегирад.
Хатти сеюми технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шуда, иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот дар 15 навъу номгӯй бо тамғаи “Шириниҳои Шукрона” истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда мешавад.
Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ дар болои биноҳои истеҳсолӣ панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори лоиҳавии низоми мазкур 150 киловаттро ташкил дода, имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ то 10 дарсад коҳиш дода шавад.
Президент саҳми соҳибкор Фатҳулло Соҳибовро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки дар маҷмуъ, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо ба зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи нақшаҳои соҳибкор Фатҳулло Соҳибов, дар шафати корхонаи мавҷуда сохтмони иншооти нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи нав дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулотро ташкил дода, муҳлати пешбинишудаи сохтмони он 1 сол мебошад.
Президент ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, иншоотро сари вақт мавриди истифода қарор диҳанд.






