Комиссияи Аврупо дар доираи қарори худ аз 23 апрели соли 2026, ки ба бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо марбут аст, се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ва ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»-ро, ки қаблан дар бастаи 19-уми маҳдудиятҳо қарор доштанд, аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ намуд, иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин тасмим натиҷаи мустақими густариши ҳамкории мақоми танзимгар ва вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мегардад.
Иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар такони мусбат мебахшад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба татбиқи ислоҳот, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва таъмини мутобиқати фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.





