Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сохтмонии як қатор корхонаҳои нави саноатӣ идома доранд. Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз рафти сохтмони ин иншоот дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ боздид карданд.
Ба гуфтаи масъулин, рушди саноат дар солҳои охир аз самтҳои афзалиятноки вилоят ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки дар доираи солҳои 2022-2026 – “Солҳои рушди саноат” ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони корхонаҳои нав босуръат идома дорад.
Боздиди раиси вилоят ва вазири саноат аз иншооти бунёдшаванда дар доираи ҳамин тадбирҳо сурат гирифтааст. Шарифхон Сафарзода ва Шералӣ Кабир нахуст дар ноҳияи Шуғнон аз як гармхонаи муосир боздид намуда, бо раванди корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои он шинос шудаанд.
Сипас, раиси вилоят ва вазири саноат дар паркҳои саноатии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла рангубори биноҳо ва васлу насби таҷҳизот шинос шудаанд. Ба гуфтаи масъулон, ба истифода додани чунин корхонаҳо метавонад барои рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақа заминаи хуб фароҳам созад.
Дар ҷараёни боздид ба фаъолияти соҳибкороне, ки дар бунёди корхонаҳои нав саҳм мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир шуда, масъулон барои саҳмгузорӣ дар рушди саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос кардаанд.
Раиси вилоят ва вазири саноат ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии “Дуои модар”, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва Маҷмаи варзишии маҳаллаи Хоруғи боло боздид намудаанд.


























