Мулоқоти Президент бо сохтмончиёни НБО “Роғун”

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 июл, дар идомаи сафари корӣ ва шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, бо сохтмончиёни ин иншооти бузурги гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад.

Президент аз мулоқоти охирин бо сохтмончиёни НБО “Роғун”, ки беш аз якуним сол сипарӣ гаштааст, ёдовар шуда, корҳои дар ин муддат ба анҷомрасонидашуда, аз ҷумла дар ЛОТ-ҳои 1,2,3,4, обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд ва шахтаи ҳаводиҳандаро қонеъкунанда арзёбӣ карда, собитгари матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ номидаанд.

Таъкид гардидааст, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт–соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Бо гуфтаи Сарвари давлат, ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад. Дар баробари ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне қариб 2 баробар зиёд шуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум низ талаботро ба нерӯи барқ торафт бештар мегардонад.

Президент гуфтанд, аз ибтидои соли 2022 панҷсолаи саноатикунонии ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад.

Бинобар ин, тезонидани ҷараёни корҳо дар иншооти НБО “Роғун” ва пеш аз муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода дадани агрегатҳои навбатӣ зарур шуморида шуд.

Бино ба маълумоти Президент, барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии НБО “Роғун” дар солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуда, имсол барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло дар майдони сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд ва шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад.

Дар робита ба кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” таъкид гардид, ки дар марҳалаҳои якум ва дуюм, дар маҷмӯъ, 2726 оила бо шумораи 12 540 нафар аҳолӣ кӯчонида шуда, ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат доранд ва бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар инфрасохтор таъмин гардидаанд.

Аз ҷумла, барои аҳолии кӯчонидашуда дар солҳои 2011-2021 барои беш аз 7000 ҷойи нишаст 9 мактаб, 7 бунгоҳи тиббӣ бо 175 кат, 38 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 109 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 718 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар самти бунёду навсозии дигар инфрасохтори зарурӣ, бахусус роҳҳои автомобилгард иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 383 миллион доллар, яъне қариб 4 миллиард сомонӣ оғоз гардида, мувофиқи нақша, то баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ дар се марҳала ба анҷом расонида мешавад.

Дар доираи марҳилаи якум то моҳи марти соли 2024 бунёди зиёда аз 30 километр роҳи асосии Обигарм – Тагикамар ба маблағи 151 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа бо арзиши беш аз 151 миллион доллар қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нурободро ба масофаи 46 километр дар бар мегирад ва анҷоми он низ то моҳи марти соли 2024 пешбинӣ гардидааст.

Дар ин масир сохтмони нақби Тагикамар бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва иншооти дигар амалӣ карда мешавад.

Дар марҳалаи сеюми лоиҳа то соли 2026 сохтмони пули бузург бо дарозии тақрибан 760 метр аз болои обанбори НБО “Роғун” бо маблағгузории 50 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ бо дарназардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Тоҷикистон талошҳоро ба он равона сохтааст, ки дар вазъияти тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он истеҳсоли “энергияи сабз”-ро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода намояд, изҳор доштанд Сарвари давлат.

Вобаста ба ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.

Дар ин давра барои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Президент бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи соҳа изҳор доштанд, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуда, ин дастоварди назарраси соҳа мебошад.

Зикр гардид, чанде қабл дар доираи ҳамсоягии нек ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Айнӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт оғоз бахшида шуд.

Баҳри афзоиши истеҳсоли неруи “барқи тоза” ва рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ дар оянда боз даҳҳо неругоҳи барқи обии бузургу миёна, аз ҷумла неругоҳи “Шӯроб” бо истифодаи ширкатҳо ва таҷрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” саҳмдошта бунёд карда мешавад.

Сарвари давлат Ширкати “Вибилд”-ро, ки тибқи шартнома бунёди сарбандро ба уҳда гирифтааст, вазифадор намуданд, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, тадбирҳои сохтмониро бо истифода аз имконоти ҷойдошта вусъат бахшад.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти бузурги гидроэнергетикии ҷумҳурӣ Президент барои татбиқи саривақтиву ҳамаҷонибаи вазифаҳои дарпешистода ва дар муҳлатҳои таъиншуда анҷом додани корҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти неругоҳ ва ширкатҳои сохтмониро вазифадор намуданд.

Сарвари давлат ба Шӯрои нозирони ҶСК “Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар моҳи декабри соли 2024 ба истифода додани агрегати чоруми неругоҳ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Пас аз суханронии Президент Намояндаи Фармоишгар-Консортсиуми “Трактебел ва Электроконсулт”, менеҷери Лоиҳа Кристоф До, роҳбари минтақавии ширкати “Вибилд” Армандо Тамаи, Директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Иқбол Сафаров, Директори заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов, корманди ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” Зубайдулло Зайдов, Директори мудирияти минтақаи зериобшаванда Манучеҳр Ҷалилзода, Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода, Директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Хайрулло Сафарзода ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, экспертизаи давлатии лоиҳаҳо ва назорати сифати сохтмон, иҷрои корҳо дар Лотҳои 1, 2, 3 ва 4, сохтмони сарбанд, ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои вобаста ба НБО “Роғун” ҳисобот доданд.

Директори НБО “Роғун” Хайрулло Сафарзода  гуфт,  бо ҳидояту дастгириҳои Сарвари давлат руҳияи бунёдкорӣ дар иншоот созандаву умедбахш аст.

Сарвазир Қоҳир Расулзода оид ба ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти НБО “Роғун” гузориш дод.

Дар охир Президент ба тамоми сохтмончиёни нерӯгоҳ аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки НБО “Роғун” дар самти таҳкими истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, баҳри иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ якдилона талош меварзанд.

Дар ин росто заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи ҳар як нафар, ки дар ин иншооти аср софдилонаю содиқона заҳмат мекашад, номаш дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи сарсупурдагони ватанро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.