Эмомалӣ Раҳмон: Мардуми тоҷик ба ирода ва неруи бунёдкорони НБО “Роғун” эътимоди қавӣ дорад

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июл ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президент.



















Ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад. Иқтидори ин нақби сохтмонӣ дар як сония 3500 метри мукааб об буда, дарозии нақбҳои дастрасӣ ва аэротсионӣ (ҳаводиҳӣ) 2319 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои лоиҳакишии иншоот аз ҷониби ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария ва ҶСП “Тоҷик Кон” анҷом дода шуда, сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дорад.

Тибқи лоиҳа, ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ дар ин қитъа 417 ҳазору 881 метри мукааб ва бетонхобонӣ 136 ҳазору 286 метри мукааб буда, то имрӯз корҳои нақбканӣ 374 ҳазору 102 метри мукааб ва бетонхобонӣ 39 ҳазору 200 метри мукааб иҷро гардидааст, ки корҳои нақбканӣ 89 дарсад ва бетонхобонӣ 29 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон бо ҷалби мутахассисони ватанӣ арматурбандии бетони конструктивии девор, сақфи нақб, корҳои сементатсионии пуркунанда, мустаҳкамкунанда ва дигар корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад.

Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум низ тибқи нақша корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз бунёдгузорони ин қитъаи сохтмонӣ ба марҳилаи ниҳоии кор дар нақби сохтмонии қабати чорум наздик мешаванд.

Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум ба Президент корҳои то имрӯз ба анҷом расонидашуда ва нақшаҳои оянда муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муҳайë будани имконияти созгор барои кормандон ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи нақша ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа замина гузоштааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ ба масъулон ва сохтмончиёни НБО “Роғун” дастур доданд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ва мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

НБО “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд, таъкид намудаанд Президент.

Дар идома Президент, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун” шинос шуданд.












Гуфта шуд, ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил додааст.

Хобонидани бетони ҳамворкунандаи тамғаи М300 аз сатҳи 960 метр мувофиқи релефи маҳал оғоз гардида, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст.

Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад.

Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метрро ташкил дода аз 8 қисм иборат аст. Паҳноии қисмҳо аз 20 то 25 метр ва баландии бетони кӯбида 27 метрро ташкил хоҳад дод. Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 метр ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Дарозии шонаи ядро дар сатҳи 1300 ба 750 метр ва дар сатҳи 961 70 метр мебошад.

Маводи истифодашавандаи ядрои асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

То имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст.

Дар сарбанди неругоҳ маводи зиддиполоишии геомембрана аз сатҳи 1000 метр то сатҳи 1080 метр дар масоҳати 66 ҳазор метри мураббаъ хобонида шудааст.

Барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то имрӯз 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, корҳои заминӣ 2 миллиону 195 ҳазору 800 метри мукааб, хобонидани сангу шағал 14 миллиону 367 ҳазору 243 метри мукааб, хобонидани санг 2 миллиону 128 ҳазору 755 метри мукааб ва хобонидани филтр 211 ҳазору 201 метри мукааб.

Президент аснои шиносоӣ ба масъулон дастур додаанд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Ба гуфтаи масъулин, айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд.

Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.

Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Сарвазир Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) бо ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и НБО “Роғун”, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шудаанд.

Лоиҳаи иншооти обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1 — 6 аз ҷониби ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария омода гардида, корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотро мутахассисони Филиали ҶСП “Тунел Садди Ориёно” дар асоси нақша пеш мебаранд.

Тибқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар ин иншоот 5 миллиарду 847 миллиону 955 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад ва то имрӯз дар ҳаҷми 4 миллиарду 696 миллиону 991 ҳазор метри мукааб ба иҷро расидааст, ки ин нишондод ба 80 фоизи нақша баробар мебошад.

Насби анкерҳои АЖГ бошад, аз рӯи лоиҳа 46 ҳазору 115 ва ПНА 1083 адад пешбинӣ шудааст ва то имрӯз мутаносибан 22 ҳазору 498 ва 126 адад иҷро гардидааст.

Аз ҳаҷми умумии корҳои пошидани маҳлулҳои бетонӣ 95 ҳазору 804 метри мураббаъ ба анҷом расонида шудааст, ки ин 28 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Иншооти обқабулкунаки доимӣ дар сатҳи 1300 метр иборат аз 6 шахта буда, корҳои сохтмону нақбканӣ дар ин иншоот бо ҷалби коргарону мутахассисони ҶСП “Заводи таъмирию механикӣ”-и шаҳри Норак дар асоси нақшаи тарҳрезигардида пеш мераванд.

Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози куҳҳо то сатҳи 1 552 метр идома дорад.

Тибқи маълумоти масъулон, корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои 1-6-и НБО “Роғун” дар ҳаҷми 19,3 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст.

Айни замон корҳои нақбканӣ дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №1 дар ҳаҷми 1 ҳазору 858 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №2 дар ҳаҷми 1 ҳазору 834 метри мукааб, дар агрегати №3 дар ҳаҷми 8 ҳазору 568 метри мукааб, дар агрегати №4 дар ҳаҷми 7 ҳазору 61 метри мукааб иҷро шудааст.

 Дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №5 бошад, корҳои нақбкании фурнел оғоз гардида, дар агрегати № 6 коргарону мутахассисон барои нақбкании фурнел омодагӣ мебинанд.

Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1,2 ва 5,6 аз сатҳи 1300 метр то ба 1178 метр мерасад, ки баланди ҳар яки он 122 метрро ташкил хоҳад дод.

Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр расонида мешавад.

Корҳои нақбканиро сохтмончиён дар шахтаҳои 3-юму 4-ум дар маҷмӯъ 15 ҳазору 629 метри мукааб анҷом додаанд. Тибқи лоиҳа баландии ин ду шахта 140 метр аст.

Нақбканӣ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанин, пармакунӣ, сементатсионӣ, озмоишӣ ва бетонхобонӣ дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳо ҷараён дорад.

Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1-6 барои танзими дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр хизмат менамоянд.

Президент зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар суҳбат бо онҳо дастур додаанд, ки қабл аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Сарвари давлат аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои НБО “Роғун” дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр баҳои баланд додаанд.

Ҳамчунин, рӯзи 12 июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Сарвазир Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳо шинос шуданд.

Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ дар тарози 1 ҳазору 172 метр аз сатҳи баҳр бо дарозии 156 метр, паҳноии 18,4 метр ва баландии 21,2 метр ҷойгир шудааст.

Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ, аз 6 шахтаи обрасон иборат буда, барои васлу насби оҳанфулузоти дохили шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1-6 пешбинӣ шудааст. Шахтаҳои мазкур барои расонидани об ба агрегатҳо хизмат мерасонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ корҳои нақбканию пармакунӣ дар ҳаҷми 55 ҳазору 225 метри мукааб, бетонхобонӣ 725 метри мукааб ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 5 ҳазору 460 метри мураббаъ иҷро шудааст.

Корҳои сохтмону васлгарӣ тибқи лоиҳаи ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария аз тарафи корхонаҳои паймонкори иншоот – ҶСП “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло корҳои созандагӣ дар ин майдони сохтмонии НБО “Роғун” аз рӯи нақша ҷараён доранд.

Зимни шиносоӣ Президент бо коргарону мутахассисон суҳбат ороста, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Тибқи лоиҳа, шахтаи обқабулкунаки агрегати №1 аз сатҳи 1 ҳазору 172 метр оғоз гардида, то ба сатҳи 966 метр мерасад, ки дар маҷмӯъ баландии он ба 206 метр баробар аст. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар шахтаи мазкур аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, то имрӯз 2 ҳазору 478 метри он иҷро шудааст, ки ин 41 метрро ташкил медиҳад.

Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегати №2 206 метр буда, мувофиқи лоиҳа, ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар ин шахта 12 ҳазору 540 метри мукаабро дар бар мегирад ва то имрӯз 6 ҳазору 223 метри мукааб иҷро шудааст, ки ба 103 метр баробар аст.

Шахтаи обқабулкунаки агрегати №3 186 метр баландӣ дошта, аз рӯйи лоиҳа корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукааб пешбинӣ шудааст ва то имрӯз корҳо дар ҳаҷми 10 ҳазору 282 метри мукааб иҷро гардидааст, ки 170 метрро ташкил медиҳад.

Баландии шахтаи обқабулкунаки №4 низ 186 метрро дар бар мегирад ва корҳои нақбканӣ дар шахтаи мазкур аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, аз он 10 ҳазору 152 метри мукааб иҷро шуда, ба 168 метр мерасад.

Шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №5 ва №6 152 метрӣ баландӣ дошта, корҳои нақбканӣ дар ин шахтаҳо тибқи лоиҳа 9 ҳазору 700 метри мукааб буда, пурра иҷро шудааст. 

Ҳамин тариқ, ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №1 ва №2 40 дарсад, дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 3 ва №4 70 дарсад ва дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №5 ва №6-и НБО “Роғун” ба пуррагӣ иҷро гардидаанд.

Сарвари давлат аз фаъолияти назаррасу босамари коргарону мутахассисони ботаҷриба дар маҳалли сохтмони камераи васлгарии обрасони агрегатҳо дар нақби нақлиётии Т-18 изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ба масъулони иншоот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Дар идома Президент, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Сарвазири Тоҷикистон ба бинои технологӣ ва Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ташриф овардаанд.

Бинои технологӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он шахтаҳои кабелӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои тақсимоти 15,75 ва 6кВ, таҷҳизоти ҷараёни тағйирёбандаи 0,4 кВ, дастгоҳҳои идоракунандаи ҷараёни доимӣ ва дигар таҷҳизоти истеҳсолию корӣ насб карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти дар ин ҷо васлу насбгардида вобаста ба таъинот этиёҷоти хусусии неругоҳ ва бехатарии иншооти гуногунро таъмин менамоянд. Технология навтарин истеҳсоли Ҷопон, Фаронса ва Русия буда, фаъолияти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва барои хизмат расонидан ба 6 агрегати НБО “Роғун” пурра омода аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи кимёвии иншоот камназир буда, дар он имкон аст тамоми намуди маҳлулҳо аз таҳлили кимиёвию хромографӣ гузаронида шавад. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳи мазкур таҳлили пурраи равғанҳо, хоса равғани трансформаторӣ, турбинӣ, компрессорӣ, гидравликӣ ва муҳаррикӣ, инчунин санҷиши обҳои нӯшокӣ ва техникӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷраҳои озмоишгоҳ бо 25 намуд таҷҳизоти санҷишӣ, зарфҳо ва маводи кимиёвӣ таъмин карда шудаанд.

Дастгоҳҳои озмоишгоҳ бо саҳеҳияти баланди ташхисӣ фаъолият намуда, барои назорати равиши кор дар ҳар кадоми он камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Ин низом имкон медиҳад, ки мутахассис аз ҳолати кори дастгоҳҳо саривақт воқиф гардида, дар сурати сар задани камбудӣ дарҳол бартараф намояд.

Дар озмоишгоҳ ҳамчунин дастгоҳҳои хроматографӣ мавҷуд аст, ки бо истифода аз он газҳои ҳалшудаи таркиби равғани трансформаторӣ, аз қабили нитроген, оксиген, гидроген, асетилен, метан, этан, этилен, оксиди карбон, дуоксиди карбон, инчунин миқдори ионол, об ва пайвастагиҳои фуранӣ аз ташхис гузаронида мешавад.

Сарвари давлат истифодаи самараноку оқилонаи технологияи мавҷуда ва ташхиси дақиқи маҳлулҳоро дар озмоишгоҳ муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

Шахтаҳо ва камераҳои кабелию вентилятсионӣ, таҷҳизоти ҳимоявии Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ дар ошёнаҳои сеюм ва чоруми бино ҷойгир карда шудаанд.

Дастгоҳи марказии идоравии НБО “Роғун” ҳам дар ошёнаи чорум ҷой дорад. Ин ҷо аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа навбатдории шабонарузӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо тавассути дастгоҳи марказии идоравӣ фаъолияти таҷҳизоти толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ, инчунин дигар таҷҳизоти технологӣ ва хатҳои интиқоли барқро ҳамаҷониба назорат ва идора мекунанд.

Дар майдончаи таҷҳизоти берунаи иншоот бошад, 6 автотрансформатори 500/220/15.75, 3 реактори заминпайванди 500 кВ ва 2 трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда шудааст, ки мавриди истифода қарор доранд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо таҷҳизоти баромади элегаз — ҳаво, трансформаторҳои ҷараёнӣ, трансформаторҳои шиддатӣ ва маҳдудкунандаҳои фузуншиддатӣ барои хатҳои интиқоли барқи 500кВ ва 220кВ васлу насб гардидаанд.

Сипас, Президент бо фаъолияти Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ шинос шуданд.

Вазифаи асосии Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ тавассути 6 хати интиқоли барқи 500 кВ, аз ҷумла хати интиқоли барқи “Роғун-Шимол”, “Роғун- Душанбе-1”, “Роғун- Душанбе-2”, “Роғун — Ҷануб”, “Захиравӣ” ва 2 хати интиқоли барқи 220 кВ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1” ва “Роғун — Зеристгоҳи Роғун-2” пайваст намудани барқи дар НБО “Роғун” истеҳсолгардида ба системаи энергетикии ҷумҳурӣ мебошад.

Айни замон хатҳои интиқоли барқи “Роғун — Душанбе-1” ва “Роғун — Душанбе-2” мавриди истифода қарор доранд ва қисмати Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазӣ зери шаддати 500/220 кВ қарор доранд. Аз аввали баистифодадиҳии иншоот то 1 июли соли 2022 ба системаи энергетикии мамлакат 4 миллиарду 593 миллиону 720 ҳазору 560 кВт соат нерӯи барқ содирот гардидааст.

Дар назар аст, ки хатҳои интиқоли барқи “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1” ва “Роғун-Зеристгоҳи Роғун-2” то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шаванд. Дар бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ таҷҳизоти хомушкунандаи элегазии 220 кВ ва 500 кВ, ҷудокунандаҳо ва заминпайвандҳо, маҷмӯи ноқилҳои ҷараёнгузари 500 кВ ва 220 кВ, инчунин таҷҳизоти иловагӣ ва ёрирасон васлу насб карда шудааст.

Сарвари давлат аз масъулон назорати доимӣ ва истифодаи дурусту босамари таҷҳизоти мавҷуда, тӯлонии дастгоҳҳои васлу насбгардидаро талаб карда, онҳоро барои баланд бардоштани сатҳу сифати техникии кормандон муваззаф намуданд.

Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар НБО “Роғун”, рӯзи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) шинос шудаанд.

Бармадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) дар тарози 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои чоҳи мавҷшикан мебошад. Баландии баромадгоҳи нақб 26 метрро ташкил медиҳад. Корҳои мустаҳкамкунии канораҳои куҳ аз тарафи паймонкори иншоот – ҶДММ “Вахш — сохтмон” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд ҷараён доранд.

Таъкид гардидааст, ки нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешавад.

Иттилоъ дода шудааст, ки аз рӯи лоиҳа корҳои заминӣ то имрӯз 657 ҳазору 900 метри мукааб ва бетонхобонӣ 142 ҳазору 400 метри мукааб иҷро гардидааст. Ҳамзамон дар асоси талабот ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншоот то имрӯз 8 ҳазору 300 тонна арматура истифода гардидааст. Тибқи лоиҳа, корҳои заминӣ дар ин мавзеи сохтмон 5,3 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва аллакай 4 миллиону 900 ҳазор метри мукааби он ба иҷро расонида шудааст.

Тибқи лоиҳа, ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) 309 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мутахассисону кормандон дар ин мавзеи сохтмон 265 ҳазору 200 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Барои устувории куҳ дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ бояд 61 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 195 ҳазору 400 метр анкерҳои АЖГ насб карда шаванд, ки то имрӯз 58 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 173 ҳазору 700 метр анкерҳои АЖГ насб гардидаанд.

Бо дарназардошти таъмини устувории баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) тибқи лоиҳа дар ин қитъаи неругоҳ 91 ҳазор метр чоҳҳои заҳкаш иҷро карда мешаванд ва ҳоло 70 ҳазору 700 метр чоҳҳои заҳкаш иҷро гардидааст, ки 77 фоизи нақшаи умумии корҳои дар ин самт пешбинишударо ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) Президент ба кормандони муҳандисию техникӣ дастур додаанд, ки минбаъд низ ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ дар ҳамаи қитъаҳои НБО “Роғун” диққати махсус равона намоянд.

Дар идомаи сафари корӣ Президент, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Сарвазир ба маҳалли сохтмони коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб мераванд, ташриф овардаанд.

Коллекторҳо дар сатҳи 966 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, барои партофтани оби аз агрегатҳо хориҷшуда тавассути нақбҳои сохтмонии қабати якум ва дуюм хизмат мерасонанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, аз рӯи лоиҳа ҳаҷми умумии корҳои ҳаффорӣ 57 384 метри мукааб ва хобонидани бетони конструктивӣ 12 340 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ маълум гардидааст, ки то имрӯз ҳаҷми умумии бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб баробар гардидааст. Аз рӯи лоиҳа дарозии коллектори агрегати №1 – 16,1 метр, №2 – 28,4 ва коллектори агрегати №3 – 48,4 метрро ташкил медиҳад. Нақби якҷояшавии коллекторҳо 185,84 метр буда, баландии он 17 метр аст.

Корҳои анкергузорӣ ва сементатсионӣ дар ин иншооти неругоҳ аз тарафи мутахассисони ҶДММ “Нурсоз” ва ҶДММ “Саманд — Сохтмон” тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвали иҷроиши корҳо бо сатҳу сифати баланд пеш бурда мешавад. То ба имрӯз дар коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3 корҳои сементатсиониро дар ҳаҷми 10 594 метри тӯлонӣ ба сомон расонида, шумораи анкерҳои насбгардида 40 ададро ташкил медиҳад.

 Бинои трансформаторҳои НБО “Роғун” дар умқи 380-400 метр аз сатҳи замин ҷойгир аст. Дарозии иншоот 200 метр, паҳноии он 18 ва баландиаш 42,4 метрро дар бар мегирад. Дар қисми поёнии иншоот, мавзеи агрегати 5-6 бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирӣ сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дарвозаҳои таъмирӣ тавассути кран идора карда мешаванд. Дар даромадгоҳи иншоот майдончаи васлгарӣ мавҷуд аст ва дар он барои васлу насби таҷҳизоти электрикию гидравликӣ шароит муҳайё мебошад. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда дар иншоти мазкур 68 229 метри мукааб ва корҳои нақбканӣ 169 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Иҷрои чунин корҳоро мутахассисони ҶДММ “Соҳили Нур” пеш мебаранд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар бинои трансформаторҳо аз рӯи нақша ва бо риояи талаботи соҳа ба сомон расонида мешавад. Дар ин ҷо барои ҳар як агрегати НБО “Роғун” трансформатори пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти ёрирасон васлу насб мегардад. Дар толори таҷҳизоти электротехникии бино 2 маҷмӯи батареяҳои аккумуляторӣ ва дигар таҷҳизоти электротехникӣ ворид ва насб карда шудааст, ки имрӯз фаъолият доранд. Бунёди ду зеристгоҳи эҳтиёҷоти хусусии агрегатӣ, 2 зеристгоҳи умуминеругоҳӣ бо 8 трансформатор таҷҳизоти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи 6 кВ бо 50 маҷмӯи генераторӣ, инчунин трансформатори агрегатҳои №6 ва №5 бо 6 маҳдудкунандаи баландшиддати 500 кВ ва қубурҳои системаи хунуккунии онҳо пурра ба анҷом расида, ноқилҳои ҷараёнгузари элегазӣ бо элегаз таҳти фишори 4.3 атмосфера гузошта шудаанд. Озмоишҳои барқӣ ва химиявии трансформатори агрегати №6 аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Чин ба анҷом расонида шудааст. Айни замон трансформатори агрегатҳои №6 ва №5-и НБО “Роғун” мавриди истифода қарор доранд.

Президент дар толори мошинҳо аз рафти корҳои нақбканӣ ва бетонгирӣ дар нақбҳои ҷаббандаи рақамҳои 1,2 ва 3 шинос шуданд.

Корҳои ҳаффорӣ ва бетонхобониро дар нақбҳои ҷаббандаи зикршуда мутахассисону кормандони ҶДММ “Инвентор”, ҶСК “ТоҷикСГЭМ” ва ҶСК “Гидромонтажи Осиёи Марказӣ” аз рӯи лоиҳа идома медиҳанд. Баландии толори мошинҳо 68,7 метр буда, паҳноии он 20,8 ва дарозиаш 219,7 метрро дар бар мегирад. Дар иншооти мазкур корҳои нақбканию бетонхобонӣ бо назардошти лоиҳаи тасдиқгардида шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ ба андозаи 245 400 метри мукааб ба сомон расонида шуда, бетонхобонӣ 64 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Толори мошинҳо барои васлу насби гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар толор ду гидроагрегат фаъолият дорад ва дар оянда боз чор гидроагрегати дигар ва таҷҳизоти гидромеханикӣ васлу насб карда мешавад.

Бунёдгузори НБО “Роғун” – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи пурраи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хондаанд.