Ҳушдори КҲФ: Эҳтиёт кунед! Хатари коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад

Shared to Facebook

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар ҷумҳурӣ хатари паҳн шудани коронавируси COVID-19 боқӣ монда, ба шаҳрвандон лозим меояд, ҳамоно эҳтиёткор бошанд, тадбирҳои бехатариро ҳифз кунанд ва тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ амал намоянд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон бо сокинони кишвар дар ҳамин бора изҳори назар кардаанд. Корҳои таблиғотӣ тибқи “Нақшаи амали Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамчунин бо мақсади қувват бахшидан ба корҳои таъмини беҳдоштиву эпидемиологиии аҳолӣ дар қаламрави бозори “Меҳргон”-и пойтахти кишвар ва истгоҳҳои мошинҳо, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд, ба роҳ монда шудаанд:

“Дар ҷараёни мулоқот бо ёрии мошини махсуси таблиғотӣ ба мардум наворҳои ҷолиби видеоӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ намоиш дода шуданд, ки дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт нақл мекарданд ва ин тадбирҳоро амалан нишон медоданд. Як бахше аз ин наворҳо тиббӣ буданд, ки дар бораи нишонаҳо ва роҳҳои табобати коронавирус ҳикоят мекунанд”, — хабар дод сомонаи КҲФ Тоҷикистон.

Дар ҳамаи ин мулоқотҳо чораҳои ҳимоя аз коронавирус, аз ҷумла ҳатман пӯшидани ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ таъкид шудаанд. Ва баъдан ба сокинон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим гардидаанд:

“Ҳадафи роҳандозии ин гуна тадорукот ин ба мардум ироа кардани донишҳо оид ба пешгирӣ аз густариши коронавирус, ҳамчунин ба роҳ мондани омӯзишҳои амалӣ ҳангоми истифода аз воситаҳои ҳимояи шахсӣ мебошад”. 

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба хотири пешгирӣ аз сироят ба вируси COVID-19 риояи қоидаҳои зеринро дар хона, кӯча ва нақлиёт тавсия додааст:

— кулли қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунед;

— ниқоби ҳимоявӣ пӯшед;

— ба воҳимаҳо дода нашавед;

— дар ҳоли ҳарорати баланд, сулфаи хушк ва душворӣ дар нафаскашӣ ба духтур муроҷиат намоед;

— ҳангоми сайругашт дар кӯча, истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ фосиларо риоя намоед;

— пайваста дастонатонро бо собун бишӯед ва ё аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кунед;

— одамони аз 65-сола боло бидуни зарурат аз хона берун нашаванд.