Вазир: Чин ба Тоҷикистон даъвои марзиву ҳудудӣ надорад

Shared to Facebook

Чин бо Тоҷикистон иддаои марзӣ ё ҳудудӣ надошта, матолиби иғвогаронае, ки дар бархе расонаҳои он кишвар нашр мешаванд, мавқеъи расмии Пекин нест. Дар ин бора имрӯз, 15 феврал, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ ва роҳбарияти расонае, ки чунин маводро ҷой додааст, мулоқот карданд. Дар натиҷа мақолаи ҷанҷолбарангез аз сомона бардошта шудааст.

Вазир гуфт, дар ин робита корҳои заруриро ба роҳ монда, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба Чин ёддошт фиристода шудааст.

“Худи ҳамон рӯзҳо аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазорати корҳои хориҷии он кишвар ёддошт фиристодем. Намояндагони сафорати мо бо намоядагони вазорати корҳои хориҷӣ ва расонаҳои ғайридавлатӣ суҳбат доштанд. Дар натиҷаи ин вохӯриҳо мақолаи провакатсионӣ бардошта шуд”, — гуфт Вазир.

Мақомоти Чин дар пайи норозигии ҷониби Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки чунин маводро расонаҳои ғайридавлатӣ ҷой додаанд ва он ба ҳеч ваҷҳ маънои мавқеи расмии Пекинро надорад:

“Вақте мо муроҷиат мекунем, ҷониби Чин дарҳол ҷавоб мегардонад ва ҳамавақт аз ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии ду давлат ёд меорад ва мегӯяд, ки ин ҳеч вақт мавқеи Чин нест, он чизе ки дар сомонаҳои ғайридавлатӣ чоп мешавад. Моро доим хабар медиҳанд, ки дониста бошем ки ин мавқеи расмӣ нест”, — афзуд ӯ.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, миёни Тоҷикистону Чин ҳеч баҳси марзӣ ё ҳудудӣ мавҷуд набуда, ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи стратегӣ бисёр хуб ҷараён дорад.

Охирҳои соли гузашта ва аввали моҳи январ чанд расонаи чинӣ дар мавриди даъвоҳои ҳудудиву марзии Чин ба Тоҷикистон матолиб нашр карданд, ки баҳсҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Ин матолиб дар ҳоле нашр шуданд, ки соли гузашта дар мавриди бунёди як пойгоҳи низомии Чин дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ҳам гуфтугӯҳои зиёд буданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти рӯзи 15 феврал бори дигар ин иддаоро рад карда, гуфт, дар Тоҷикистон танҳо як пойгоҳи низомии Русия вуҷуд дорад:

“Тоҷикистон бо ягон кишвари дигар бунёди пойгоҳи нави кишварҳои хориҷиро дар нақша надорад. Албатта, ин масъала ба сохторҳои низомӣ дахл дорад, аммо ягон гап ё санаде ҳам мешуд, ҳатман тариқи сохтори сиёсӣ мегузашт. Ман ба шумо, ҳамчун роҳбари идораи сиёсии кишвар мегӯям, ки он ҷо ягон пойгоҳ нест”, — гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, Чин мисли кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, дар бунёд ва муҷаҳҳазгардонии постгоҳҳои марзӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад. Ҳамчунин, байни кишварҳо шартномаи байнидавлатӣ барои баргузор кардани тамринҳои муштараки низомӣ мавҷуд буда, ин тамринҳо тибқи тавофуқи ҷонибҳо гузаронида мешаванд.

Дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин сарусадоҳо дар бораи тамосу ҳамкорӣ бо гуруҳи террористии “Толибон”-ро рад карда, гуфт, Тоҷикистон ҳарчанд аз тамоми минбарҳое, ки дар онҳо музокироту гуфтушунид барои овардани сулҳ дар Афғонистон сурат мегирад, истиқбол мекунад, вале ҳеч гуна тамосу ҳамкорӣ бо ин ташкилот надорад. Вай гуфт, Тоҷикистон дар мавриди музокироти сулҳи Афғонистон аз мавқеи Кобули расмӣ пуштибонӣ мекунад ва музокирот дар ҳар замина ва минбаре, ки мегузарад, бояд мавқеъ ва ҳарфи охир аз ҳукумати расмии ин кишвар бошад.

Ҳамчунин, Вазири корҳои хориҷӣ масъалаи бозгардонии занону кӯдакон — шаҳрвандони Тоҷикистонро аз урдугоҳҳои “Ал-Ҳавз” ва “Ар-Равз”-и Сурия шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, шаҳрвандонашро ба ватан баргардонад ва айни ҳол рӯйхати онҳое, ки бояд ба ватани худ баргардонида шаванд, дар ҳаҷми 260 нафар ҷамъоварӣ карда шудааст:

“Бисёре аз онҳо мехоҳанд баргарданд, аммо миёни онҳо ҳастанд бисёр нафароне, ки ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳанд”, — гуфт Вазир.

Гуфта шуд, қаблан намояндаи дипломатии Тоҷикистон бо масъулини баландпояи Сурия, намояндагони ҷониби мухолифин ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба вазъ ва баргардонии шаҳрвандони кишвар дидору мулоқот кардааст.

Айни замон масъалаи бозгашт аз вазъи эпидемиологии марбут ба пандемия ва амният дар қаламраве, ки ин урдугоҳҳо ҷойгиранд, вобаста дониста мешавад.