60 ҳолати хешутаборбозӣ дар мансабҳои давлатӣ ошкор шуд

Shared to Facebook

Соли сипаригардидаи 2020 дар Тоҷикистон 60 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 22 Қонун “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” сабт шуда, дар асоси санадҳои эътиноии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бартараф карда шудаанд.

Дар ин бора дар нишасти матбуотии Агентӣ маълумот доданд.

Тибқи ин модда, хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ аст.

Тавре гуфта шуд, дар маҷмӯъ, соли гузашта аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, дар маҷмӯъ, 1384 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта баррасӣ шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1 млн. 567,4 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст:

“Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони Агентӣ унвонии вазорату идораҳо 2000 пешниҳод ва 487 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо амалҳои 1370 нафар муҳокима гардида, нисбати 881 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 196 нафар аз вазифаҳои ишѓолнамудаашон озод карда шудаанд”, — гуфт шуд дар нишаст.

Ҳамчунин, аз 1015 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан ба Агентӣ фиристода шудааст, дар 127 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардидааст.