Дар Майдони “Истиқлол” 36 дарахти секвояи калифорниягӣ шинониданд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, ин дарахтонро шахсан худи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи Майдони “Истиқлол” бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 16 феврал баргузор гардида, дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонида шудааст.

Гуфта мешавад, секвойяи калифорниягӣ дарахти нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Ҳамакнун 36 адад чунин дарахт ду тарафи даромадгоҳи Боғи Майдони “Истиқлол”-ро оро медиҳад:

“Баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта мешавад”, — мегӯяд манбаъ.

Бино ба ин гузориш, то ҳол дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шуда, аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони “Истиқлол” 11 ҳазор метри мураббаъи он аз рӯи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар оянда ҳам дарахтони нодири сояафкану ороишӣ аз кишварҳои аврупоии ба минтақа мутобиқ ворид карда шуда, дар ҳудуди боғи Майдони “Истиқлол” шинонида мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани боғҳои ҳудуди иншоот дастуру ҳидоятҳо додаанд.

Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи Майдони “Истиқлол” шинос шудаанд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти шаҳр ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карда шудааст.