Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода рӯзи 3 июн дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо вазири мудофиаи Русия Андрей Белоусов мулоқот кардааст.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, зимни мулоқот гуфта шудааст, ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи низомӣ омили муҳими ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Вазири мудофиаи Русия гуфтааст, фаъолияти муштараки ниҳодҳои дифоии ду кишвар ба боло бурдани иқтидори ҷангии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин раванд табодули таҷрибаҳои ҷангӣ, омодасозии нерӯҳо ва таълими ҳарбиёни тоҷикро дар бар мегирад.
“Нақши пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон ва тақвияти тавонмандиҳои он дар ин раванд аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст”, – изҳор доштааст Белоусов.
Эмомалӣ Собирзода аз кумакҳои Русия дар самти рушди Артиши Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ изҳори сипос кардааст.
Вай динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаро махсус таъкид доштааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор кардаанд.




