Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс ба Душанбе омадааст. Вай рӯзи 15 октябр нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супоридааст.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намудаанд.
“Ҳамсуҳбатон ҳамчунин мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд”.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.