Ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону АМА баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати ширкатҳои “Abu Dhabi Ports” ва “Talc Investment”-и Амороти Муттаҳидаи Арабро, ки барои иштирок дар Анҷумани байналмилалии соҳибкории “Душанбе-Инвест 2021” даъват шуда буданд, ба ҳузур пазируфтааст.     

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар бо дарназардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намудаанд.