Истиқболи Сафорати ИМА аз ислоҳоти бонкӣ дар Тоҷикистон

Shared to Facebook

Зимни мулоқоти арзи адаби муовини роҳбари Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хонум Бридҷит Уокер бо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев масоили вобаста ба ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафорати Амрико дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Зикр шудааст, ки ин мулоқот барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда мусоидат мекунад.

“Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуда, таъкид дошт, ки дар шароити душвори рафъи пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19, ки иқтисодиёти ҷаҳон паси сар менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирандешии дурусти ҳукумати кишвар тавонист таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиётро ба таври назаррас коҳиш диҳад”, — хабар дод бахши матбуоти БМТ.

“Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ нақшаи коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба низоми бонкӣ ва суғуртаро таҳия намуда, бо ин мақсад ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ яқ қатор имтиёзҳо фароҳам овард. Дар натиҷа, ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон пайдо карданд, ки фаъолияти муназзами худро идома дода, соли молиявиро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намоянд”, — қайд кардааст Ҷамолиддин Нуралиев.

Бридҷит Уокер эътироф кардааст, ки воқеан, пандемияи COVID-19 ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ, маориф ва нақлиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонид, аммо дар чунин шароити мураккаб Тоҷикистон тавонист вазъи иқтисодии худро муътадил нигоҳ дорад.

Нуралиев зимни таҳлили низоми бонкии ҷумҳурӣ беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ ва кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзиро самараи татбиқи ислоҳоти фарогир маънидод карда ва ҳавасмандии худро аз барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ иброз намудааст.

Бридҷит Уокер нақши Бонки миллиро дар таҳияву амалигардонии ислоҳоти низоми бонкӣ муассир арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда барои рушди низоми бонкии ду кишвар иброз доштааст.

Таъкид гардидааст, ки ҳоло БМТ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ва рушди бозори суғуртаи кишвар бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст ва дар оянда хостори тавсеаи ҳамкории мазкур мебошад.

Ҳамчунин, имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Тоҷикистон, роҳандозӣ шудани як қатор тадбирҳо, аз қабили фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин беҳтар гардидани идораи захираҳои байналмилалӣ ва маротиб афзудани он дар 5 соли охир махсусан қайд шудааст.

Бридҷит Уокер гуфтааст, Сафорати ИМА имкони дастгирии техникии ислоҳоти ҷараёндошта ва таҳияи мукаммали заминаи меъёрии ҳуқуқии бозори суғурта дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард. Вай афзудааст, ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва сафорати ИМА барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми бонкии Тоҷикистон омода аст.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи ИМА ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, махсусан сафорати ИМА дар Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ ба низоми бонкӣ ва бахши суғуртаи кишвар миннатдорӣ изҳор кардааст.