Сафари Президенти Тоҷикистон ба Фаронса

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 октябр барои анҷом додани сафари расмӣ аз Белгия ба Фаронса сафар карданд.

Дар фурудгоҳи Орлии Париж Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса истиқбол гирифтаанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯриҳо доир намоянд.

Ҳамчунин, дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар ин сафар Президентро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.