Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот кардаанд.
“Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф баррасӣ гардид”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Президент ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос карда, тамоми кормандони ЮНЕСКО-ро ба муносибати 75-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон табрику таҳният гуфтаанд.
Аз талошҳои муштараки Тоҷикистон ва ЮНЕСКО давоми солҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардидааст, ки номинатсияҳои “Наврӯз”, “Шашмақом” ва “Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва номинатсияи Ҳулбук бо номи нав, яъне “Ҳулбук — пойтахти Хатлони қадима” ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳоло номинатсияҳои “Ҷашни Меҳргон”, “Санъати кашидадӯзӣ”, “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ”, “Рубоб”, “Бозиҳои бачагона” ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин аз ҷониби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Номинатсияҳои миллии мо “Фалак” ва “Атлас ва Адрасбофӣ” низ тибқи талаботи ЮНЕСКО омода гардида, барои баррасӣ дар соли 2022 пешниҳод гардидааст.
Гуфта шудааст, ба туфайли талошҳои муштарак дар Тоҷикистон соли гузашта ҷашнҳои бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардиданд.
Таъкид шудааст, ки муаррифии хуби фарҳангу таърих бештар ба самти сайёҳӣ алоқаманд мебошад. Дар ин зимн, лоиҳаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон — ҷанбаи байналмилалии соли аврупоии мероси фарҳангӣ” муҳим арзёбӣ карда шудааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот Лоиҳаи ЮНЕСКО таҳти унвони “Илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ICT)”, Барномаи иштироки ЮНЕСКО дар ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ, таҳсил дар давраи COVID-19, технологияҳои компютерӣ ва “Барномаи мутахассисони ҷавон”-ро баррасӣ кардаанд.
Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили марбут ба об таъкид шудааст, ки Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО (IHP) яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар самти пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии мо мебошад.
Зимни мулоқот баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса натиҷагирӣ карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле даъват ба амал овардаанд, ки дар вақти барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.