Осиёи Марказӣ ва Чин: нахустин ҳамоиши ВКХ-ҳо дар қолаби нав

Shared to Facebook

Дар якумин нишасти вазирони сиғаи “Осиёи Марказӣ–Чин”, ки рӯзи 16 июл тариқи видеоконфронс баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин конфронс гуфтааст, ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи нави “Чин – Осиёи Марказӣ” ва абзорҳои дигар муҳим буда, дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад:

“Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари шуюи ҳамагирии Ковид-19, Вазири корҳои хориҷии кишвари мо аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа чораҳои муассир андешида шаванд. Қайд гардид, ки ҳамагирии Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо паёмадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд”, — хабар дод дафтаи матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Таъкид гардидааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории ҳамагир меандешад. Дар ин замина, вазир барои ёрӣ ва дастгирии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо шуюи коронавирус изҳори сипос кард.

С. Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намудааст, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикаву саноат ва кишоварзӣ сурат гирифта, иқтидори содирот афзун гардад ва интиқоли бетаваққуфи бор таъмин шавад.

Ӯ қайд кардааст, ки ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳаммияти хоса дорад. Ин ҳамкориҳо омили калидӣ ҷиҳати таъмини амният дар минтақа маҳсуб ёфта, соири кишварҳо бояд барои барқарорсозии соҳаи иҷтимою иқтисодии ин кишвар таваҷҷуҳи бештар заҳор намоянд.