Қонунигардонӣ ва афви амвол: Нуралиев гуфт, бонкҳои ваколатдор бояд чӣ кор кунанд

Shared to Facebook

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни як ҳамоиш бо ҳузури роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори ҷумҳурӣ Қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масоили вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бонкҳоро баррасӣ кардааст.

Дар ҷаласа гуфта шуд, қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 январи соли 2021, ироашуда аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардид. Ин қонун 2 июли имсол қабул шудаву аз 5 июл мавриди амал қарор гирифт:

“Ҳадаф аз мулоқоти имрӯза, пеш аз ҳама, дарки нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори кишвар ва ба таври пурра амалигардонии он мебошад”, — таъкид намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, мақсад аз қабули қонуни мазкур ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи оинномавии ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кории нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардонидани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, вусъат ёфтани гардиши коғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридшавии сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ мебошад.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои зикргардида чораҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, пас аз қабули қонуни мазкур қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунӣ гардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор” қабул шудааст. Қарори мазкур барои бонкҳои ваколатдор мутобиқи рӯйхати тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо риояи қоидаҳои иловагиро ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунӣ гардонидашаванда ворид карда мешаванд, муқаррар менамояд. Инчунин, бо қарори мазкур, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор тасдиқ карда шудааст.

Зимни вохӯрии Нуралиев мутахассисони Бонки миллӣ бо роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори ҷумҳурӣ раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳо, тартиби пур кардани шакли ҳисоботи оморӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба амалигардонии Қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо истифода аз рӯнамо шарҳу тавзеҳ додаанд.

Иштирокдорон вобаста ба қонуни мазкур ва раванди амалигардонии он табодули назар намуда, ҷиҳати татбиқи босамари он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштаанд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намудааст, ки ба раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳо бояд мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонкҳо ҷалб гардида, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ низ миёни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар ҷоннок карда шаванд. Ҳамчунин, роҳандозии иқдомоти таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути ВАО низ барои татбиқи дурусти қонуни мазкур самараовар хоҳад буд.

Гуфта шуд, вобаста ба Қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва раванди амалигардонии он дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҷойгир карда шудаанд. Бонкҳои ваколатдор метавонанд тибқи ин санадҳо фаъолияти худро дар самти қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом диҳанд.