Қабули паноҳандаҳо аз Афғонистон: СММ мехоҳад бо Тоҷикистон барномаи махсусеро таҳия кунад

Shared to Facebook

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мехоҳад дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ҷумҳурӣ барномаи вижаи махсуси омодагиҳо барои қабули паноҳандаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро таҳия кунад. 

Дар ин бора ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу дар мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов изҳор доштааст.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раиси ВМКБ, ин ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон зимни арзёбии вазъи шадиди Афғонистон бо раиси ВМКБ ба ин нукта ишора кардааст. 

Ёдгор Файзов дар ин мулоқот аз таҷрибаи қабули гурезаҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ ва мушкилоту маҳдудиятҳои вилоят, корҳои омодагӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти якҷоя гуфтааст:

“Намояндаи СММ иброз дошт, ки масъулияти асосии қабули гурезаҳо ва фароҳам овардани шароит барои онҳо ҳадафи давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, СММ низ ҳамчун кумакрасон дар канор нахоҳад монд. Аз ҳамин лиҳоз тақозо шуд, ки мақомоти дахлдор бояд нақшаи-чорабинии пешакӣ оиди қабули гурезаҳои эҳтимолиро тартиб дода, ва баҳри расонидани кӯмакҳои саривакти ба шарикони рушд пешниҳод намояд”, — хабар дод манбаъ.

Сезин гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ба касе маълум нест, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба чӣ теъдод паноҳандаҳо хоҳанд омад, вале ба эҳтимоли қавӣ, паноҳандагон ба Тоҷикистон паноҳ меоваранд ва бояд омода буд. 

Дар ин дидор масъалаи таъмини амнияти кормандони СММ дар ВМКБ низ баррасӣ шудааст. Файзов гуфтааст, мақомоти амниятии вилоят тавони таъмини амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони вилоятро доранд.

Намояндаи СММ ВМКБ-ро барои ҳамкорӣ минтақаи муҳим арзёбӣ карда ва гуфтааст, омодаи ҳамкории ҳамаҷониба аст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар Кушониён ва Хоруғ ду анбор кушода ва дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда шаванд. Моҳи июл муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон барои пазируфтан ва ҷойгир кардани тақрибан 100 ҳазор гуреза аз Афғонистон дар машқгоҳҳои наздимарзии худ омода аст.

Ба гуфтаи вай, дар сурати зарурӣ, Тоҷикистон метавонад боз ҳам бештар паноҳандагонро қабул кунад:

“Мо имкони қабули паноҳандагони афғонро дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзем”, — гуфт ӯ.

Ахиран Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ Станислав Зас дар нишасте дар Арманистон гуфт, ҳаводиси ахири Афғонистон метавонад боиси вуруди теъдоди бесобиқаи фирориёни он кишвар ба Тоҷикистон шавад.

“Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонашон аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуда, дар ин кишвар торафт хаос ё беназмии комил ҳукмфармо мешавад. Метавонад хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дошта бошад”, — гуфт Станислав Зас.

Вай таъкид кард, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат пайгирӣ мекунад.

Қаблан 6 август, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ҳам гуфта буд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли ба қаламрави онҳо даромадани ҷангҷӯёни афғон зери пӯшиши гуреза ва паноҳанда нигаронанд.

Моҳи июл беш аз 1500 гуреза дар Тоҷикистон паноҳгоҳи муваққатӣ ёфтанд. Онҳо аз ҳисоби ҳукумати ҷумҳурӣ бо ёрии тиббӣ, хаймаҳо барои иқомат, се бор хӯроки гарм, ҷиҳози хоб ва зарфу дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд. Ин гурезаҳо тариқи парвозҳои чартерӣ ба ватанашон баргардонида шуданд.

Ҳамчунин, 347 шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон, аз ҷумла 77 зан ва 177 кӯдак марзи Тоҷикистонро дар ноҳияи Мурғоб убур карданд, ки низ баъдан ба ватанашон баргардонида шуданд.