Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Дабири кулли СММ

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 19 июн дар ҳошияи сафари корӣ ба Туркия ҷиҳати иштирок дар Форуми дипломатии Анталия бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кардааст:

“Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкориҳо бо СММ, татбиқи барномаҳои СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар соҳаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ғайра баррасӣ шуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон