Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Shared to Facebook

15 июл дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт:

“Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд”, — хабар дод манбаъ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои худро ба муносибати пайвастани кишвараш ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун шарики гуфтугӯ табрик намудааст.