Баъди ду суҳбати телефонӣ: мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Рашид Мередов

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 15 июл дар шаҳри Тошканд бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот кардааст:

“Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагӣ ба Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва тамосҳо дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намудаанд.

Дар камтар аз се моҳи охир ин саввумин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон аст. Аввалҳои моҳи майи имсол Сироҷиддин Муҳриддин ва Рашид Мередов зимни гуфтугӯи телефонӣ дар бораи даргириҳо дар марз бо Қирғизистон ва ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳарду кишвар суҳбат карда буданд. Аввалҳои моҳи июн бошад, дар ҳамин гуна як суҳбати телефонӣ ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Туркманистонро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин гуфтугӯҳои телефонӣ бо ташабубси ҷониби Туркманистон сурат гирифтанд.