Дар Париж робитаҳои парламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 октябр дар доираи сафари расмӣ дар Фаронса бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот карданд.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намудаанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштаанд.

Дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарламентӣ мавқеъи хоса дорад ва ҷоннок кардани фаъолияти Гуруҳи дӯстии Фаронса — Осиёи Марказӣ ва робитаи байни вакилон ба эҷоди боварию эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба, инчунин заминаҳои ҳуқуқии онҳо, мусоидат мекунад.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парламентӣ ва ҳуқуқии Фаронса омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намудаанд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии “Бактрия” (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус, Мундус ва Эразмус плюс, махсус қайд гардидааст.

Ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шудааст.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид андешаронӣ кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше даъват ба амал овардаанд, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.