Тоҷикистону Туркия аз дӯстӣ ва шарикии дарозмуддат гуфтанд

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷараёни сафараш ба Анқара бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Вазири корҳои хориҷӣ Мавлуд Човушоғлу ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқотҳо анҷом додааст.

Бино ба хабари  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накӯи ҳасана ва ҳамкории судбахш баррасӣ шудааст:

“Бо истифода аз ин фурсат салому паёми бародари Шумо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дўстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум ҳастанд, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ мерасонам”, — гуфтааст Зокирзода.

Соли оянда аз барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия, ки гуфта мешавад, ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, мо 30 сол пур мешавад.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон Туркияро шарики боэътимоди худ медонад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, тандурустӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ изҳор медорад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намудааст, ки ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро тақрибан 70 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд, ки бар нафъи мардумонамон хидмат доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Туркия 186,6 млн долларро ташкил дода, нисбат ба шашмоҳаи  соли гузашта 27,6 млн. доллар зиёд шудааст:

“Ин нишондиҳандаҳо қаноаткунанда нестанд, зеро имконият ва талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол зиёданд ва мебояд роҳҳои наверо бар нафъи мардумони ду кишвар пайдо намоем”, — гуфта шудааст дар мулоқот.

Таъкид шудааст, ки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар авлавияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия қарор дорад. Имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 90 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мекунанд:

“Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурўҳҳои дўстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад”, — изҳор доштааст Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Зокирзода ҳамчунин аз рушди робитаҳои байнипарламентии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтааст, “мо нақши парламентҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоем”.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Дар мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу бошад, масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд.

“Мо аз саҳм ва талошҳои муҳтарами Шумо, ҷаноби Вазир дар пешбурди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, изҳори сипос менамоем. Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем”, — гуфтааст Маҳмадтоир Зокирзода.

Механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки нишасти нахустини он моҳи сентябри соли 2000 баргузор шуд. То имрӯз даҳ ҷаласаи он доир гардидааст:

“Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ба роҳ монем. Ин ба нафъи дӯстии таърихӣ ва шукуфоии беш аз пеши мардумони ду кишвари мо мебошад.

Парламенти Тоҷикистон  ҷиҳати густариши бештари муносибатҳою ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад”, — афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи мақомот, дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи боз 30 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст қарор дорад. Чанд санаде, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, метавонанд муносиботи моро ба сатҳи нави ҳамкорӣ бароранд. Инҳо:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ” аз 10 сентябри соли 1995;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба бекор кардани раводид.

Барои мисол бо имзои Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, боиси таъкид аст, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳаманд.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат (то андозае стратегӣ) бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошад. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Таъкид гардидааст, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар сатҳи боварибахш рушд карда, ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманданд.

Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп ҳам таъкид шудааст, ки “Тоҷикистон Туркияро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст бо Туркия дар хусуси таҷлили 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки ҳамчун фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф аст, ҳамкорӣ кунад”.