Ҷаласаи бонкдорҳои СҲШ дар Душанбе: аз натиҷаҳо гуфтанду стратегия қабул карданд

Shared to Facebook

Дар ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзи 16 сентябр дар доираи 20-умин нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкӣ баррасӣ шуда, нақши Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ муассир арзёбӣ гардид.

Соли 2021 дар баробари роҳбарии Ҳукумати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар Иттиҳоди байнибонкӣ ба ҳайси раисии Раёсат баромад мекунад.

Дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иштирок ва суханронӣ намуд. Вай ҳозиринро бо ҷашни 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2021 роҳбарии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад, табрик намуд:

“Тоҷикистон ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун имконияти таҳлили натиҷаҳои ҳамкориҳои якҷояи мо дар давоми 17 соли фаъолият, муҳокимаи имкониятҳои рушд дар оянда ва такмил додани ҳамкориҳои минбаъда баҳогузорӣ менамояд”, — изҳор дошт Давлаталӣ Саид.

Зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи хос ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маблағгузории рушди стратегии кишвар дар ҳошияи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор махсусан таъкид гардид:

“Таъсиси Иттиҳоди байнибонкӣ дар сохтори Созмони ҳамкории Шанхай ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки иқтисодӣ миёни давлатҳои аъзо аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти созмони мазкур аст, ки метавонад дар оянда барои рушди устувори кишварҳо мусоидати комил намояд”, — тазаккур дод Давлаталӣ Саид.

Дар идомаи ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз роҳандозӣ шудани як қатор тадбирҳои назаррас дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла дар самти таъмини амният, сулҳу субот дар минтақа, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, тавсеа ёфтани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, муҳайё шудани имкониятҳои нав барои фароҳам овардани тиҷорат ва маблағгузории он махсусан қайд кард. Зикр гардид, ки Иттиҳоди мазкур имрӯз маркази ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ маҳсуб ёфта, гардишу вуруди сармоягузориҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои бузург ва тақдирсоз таъмин менамояд:

“Фаъолияти Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ равона шудааст, барои рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии давлатҳои аъзо басо муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, танҳо дар заминаи ташкили фазои умумии иқтисодӣ, инкишофи равобити ҳамгироии кишварҳои минтақа метавон рушди устувор ва фарогирро таъмин намуд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022–2026 ҷиҳати амалисозии тамоми ҳадафҳои созандаи Иттиҳоди мазкур мусоидат хоҳад кард”, — гуфт Ҳоким Холиқзода.

Котиби генералии СҲШ Владимир Норов зимни ҷаласа ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол роҳбарии Созмони ҳамкории Шанхайро ба зимма дорад, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” барои роҳбарии арзанда дар раёсати Иттиҳоди байнибонкӣ, ташаббусҳои муфид, таҳияи Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 ва ташкили сазовори кори ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, ҳамчун мизбони ҷаласаи XVII Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ба таври мухтасар аз фаъолияти иттиҳоди мазкур дар замони раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” сухан кард.

Зикр гардид, ки дар соли сипаригардида Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай новобаста ба мушкилиҳои зиёди ба пандемияи коронавирус алоқаманд, устуворона ба пеш ҳаракат дошт, зеро ҳадафи аслии ҳамаи аъзоёни он рушди устувор ва расидан ба мақсадҳои дар пеш гузошташуда равона гардида буд.

Дар доираи раёсати худ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо ташаббуси БДА ҶТ “Амонатбонк” якҷо бо бонкҳои аъзо Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 — 2026 таҳия гардида, барои баррасӣ ва қабул пешниҳод мешавад. Вобаста ба ин, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ба ҳамаи бонкҳои аъзо барои саҳмгузорӣ ва ҳамкории пурсамар дар доираи Иттиҳод изҳори миннатдорӣ кард. Таъкид карда шуд, ки Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба ҳадафҳои бузург захираву имконият ва заминаи ҳуқуқии мусоидро дорад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкҳои аъзои Иттиҳод ҳамкорӣ дар бахши маблағгузорӣ мебошад, ки дар такя ба ин роҳандозии фаъолияти маблағгузории қарзӣ дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ роҳандозӣ намудани табодули донишу таҷриба ва малакаи кормандони бонкҳои аъзоро самти дигари афзалиятнок дар доираи Иттиҳод хонд. Ташкили барномаҳои тахассусии таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо, форумҳо ва конференсияҳо дар платформаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай басо муҳим мебошанд, зеро рушди сармояи инсонӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи фаъолияти бонкҳо, аз ҷумла дар самти пешбурди лоиҳаҳои муштарак, махсусан лоиҳаҳое, ки бо технологияи иттилоотӣ, воридсозии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, табодули маълумот, таъмини амнияти кибернетикӣ, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм рабт доранд, хеле муҳим мебошанд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла Ширкати молиявию инфрасохтории Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой, “Ҳабиб Бонк Лимитед”-и Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд “ВЭБ.РФ”, Бонки рушди Қазоқистон, “РСК Банк”-и Қирғизистон ва “Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва вобаста ба масъалаҳои баррасигардида суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа 6 масъалаи муҳим ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022-2026, ҳамкории сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фаровард бо дастгирии тамоми бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии “Амонатбонк” Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022–2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои чор соли минбаъда қабул гардид. Ҳамзамон, иштирокдорони ҷаласа тариқи овоздиҳӣ бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022 интихоб намуданд.

Зимнан, дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, ки 3 ноябри соли гузашта бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Русия тариқи маҷозӣ баргузор шуд, баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Русия Игор Шувалов ба Раиси “Амонатбонк”-и Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020-2021 супорида шуд.

Маълумотнома: Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) соли 2005 ҳамчун воситаи кумакрасонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки давлатҳои СҲШ онҳоро тасдиқ кардаанд, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ИББ Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Бони иқтисодии хориҷии Русия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Аз соли 2020 БИХ ФР раёсати Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад.