Сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон: Аз музокироти “Толибон”-у тоҷикон дар Душанбе то имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва омодагӣ ба 30-солагии муносибатҳои диломатӣ

Shared to Facebook

Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расидаанд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон” ва тоҷикон мусоидат мекунанд.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотии пас аз музокирот бо Сарвазири Покистон хабар дод.

Мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон ва музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар рӯзи 17 сентябр дар Душанбе баргузор гардид. Имронхон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо қазияи Афғонистон дар маркази диққати қарор дошта, вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардидааст: 

“Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон, ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем.

Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”, — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон.

Изҳори умед карда шудааст, ки  сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд:

“Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем.

Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”.

Итминон ҳосил гардидааст, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.

Таъкид гардидааст, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд.

Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расидаанд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар мекунанд:

“Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, баррасӣ шудааст. Зимни мулоқот ба масъалаи рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистону Покистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, илму техника, фарҳанг, бахши гуманитарӣ ва фармасевтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Барои густариши бештари онҳо идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорон ва ҷалби сармояи доираҳои соҳибкории Покистон ба иқтисоди Тоҷикистон зарур шумурда шудааст.

Пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва нафту газ гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таъсис дода шавад.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар, ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ду кишвар, омили муҳим барои афзоиши гардиши мол байни ду кишвар маънидод гардидааст.

Ҷиҳати рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардидааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ оид ба коркарди нахи пахта, пашму пуст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ таъсис дода шаванд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.

Президенти Тоҷикистон дар робита ба вазъи мураккаби Афғонистон таъкид кардааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо вазъи ҳамкории ду кишварро дар чорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор доданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ба Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Покистон;

— Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад аз 13 майи соли 2004;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва  Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;

— Нақшаи амал барои соли 2022 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон “Associated Press of Pakistan”;

— Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотии пас аз музокирот бо Имрон Хон аз натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро бомуваффақият номид.

Зимнан, соли оянда ба барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Покистон  30 сол пур мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон ба мувофиқа расидаанд, ки ин санаи муҳимро бо баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи муносиб таҷлил менамоянд.