“Афғонистон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад”: Изтироби роҳбарони СҲШ ва СААД аз вазъ дар ҳамсоякишвар

Shared to Facebook

17-уми сентябр, баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар мавзуъи Афғонистон баргузор шуд.

Нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуд.

Ҳамчунин президентҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, сарвазирони Покистон ва Арманистон суханронӣ карданд.

Президентҳои Русия ва Чин ва сарвазири Ҳиндустон дар мулоқот ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад:

“Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотие, ки баъд аз мулоқот баргузор шуд.

Сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр кардаанд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад.

Гуфта шудааст, агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем:

“Зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад”, — таъкид шудааст дар мулоқот.

Дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд:

“Мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвар пешгирӣ карда шавад”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, мулоқоти таърихӣ дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагиро бо мардуми ҷафодидаи  Афғонистон нишон дод.