Ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе: “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ”

Shared to Facebook

Ҳамон тавре ки интизор мерафт, имрӯз, 17-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсиси ин Созмон баргузор гардид. Аз натиҷаҳои ҷаласаи душанбегӣ 30 санади нав ба имзо расида, ҳамчунин, бори аввал гимни ин Созмон садо дод.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотии баъд аз ҷаласа гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли бист сол муҳокима карда шуда, иштирокчиён ба вазифаҳое, ки дар дурнамои Созмон истодаанд, ишора намуданд.

Эъломияи Душанбе дар бораи бистсолагии СҲШ қабул карда шудааст, ки ҳуҷҷати калидии ҳамоиш арзёбӣ шуд. Эъломияи Душанбе таҳлили корҳоеро дар бар мегирад, ки кишварҳои узв дар тӯли бист соли охир анҷом додаанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон, мо тавонистем шумораи рекордии чорабиниҳоро дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узв гузаронем ва ҷараёни инкишофи фаъолияти умумиро дар ин давраи душвор таъмин намоем. Дар давраи раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” тақрибан сад чорабинии муштарак баргузор гардидаанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шудааст.

Кишварҳои узв Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ кардаанд.

Ҳамчунин, нақшаи корӣ оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул шудааст. Бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъхирнопазирии пешниҳоди таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе зикр кардааст.

Ҳамчунин, кишварҳои узв ба мувофиқа расидаанд, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай масъалаи Афғонистон мавзӯи калидӣ будааст:

“Кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот, озод аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳор доштанд.

Мо зикр кардем, ки шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот-ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд”, — гуфт Президенти Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим дода, зикр шудааст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад.

Ҳамчунин, Изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ қабул шудааст.

Кишварҳо узв ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин ҳифзи муҳити зист идома диҳанд.

Дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуда шуда, баҳои баландро соҳиб гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо, ки ташаббуси Тоҷикистонро оид ба қабули Суруди махсуси СҲШ дастгирӣ карданд, сипосгузорӣ кард.

Дар ҷаласаи Душанбе тартиби қабули Эрон ба узвияти Созмон оғоз гардида, ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама дода шуд. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як  (21) давлат расид.

Ҳамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад.

Зимнан, Раёсат дар СҲШ дар соли 2022 ба Ӯзбекистон гузашта, ба вазифаи Дабири кулли СҲШ намояндаи Чин ва ба мансаби Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  намояндаи Ӯзбекистон таъйин карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарони давлатҳои узви Созмон — президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Сарвазири Покистон, инчунин роҳбарони ҳайатҳои Русия, Чин ва Ҳиндустон, роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи СҲШ, аз ҷумла, президентҳои Беларус, Эрон ва Туркманистон, Дабири кулли СҲШ ва ҷонишини аввали Сарвазири Муғулистон, муовини Дабири кулли СММ, директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, Раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии Авросиё, Директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ, дабири кулли СААД, Дабири кулли СҲИ ва дигарон иштирок карданд.

Президентҳои Русия ва Чин ва Сарвазири Ҳиндустон дар чорабинӣ ба таври маҷозӣ ширкат  ва суханронӣ карданд.

Президенти Муғулистон ва Дабири кулли СММ дар ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсисёбии СҲШ бо навори видеоӣ муроҷиат карданд.

Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо, дар маҷмӯъ, иборат аз 30 ҳуҷҷат ба имзо расид.