Боздиди Президент аз Истаравшан ва Деваштич

Shared to Facebook

Рӯзи 1 июл сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан идома ёфт. Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар ҶСП “Оби Зулол”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Гуфта шуд, хати муосири технологӣ дар ин корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дастрас ва васлу насб гардидааст. Ин технология дар Осиёи Марказӣ беназир будааст.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

То ин дам ҶСП “Оби Зулол” чор хати технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хати нави истеҳсолӣ ба кор даромад ва дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат, хусусан ғизои кӯдакона қадами устувор гузошта шуд.

Иқтидори истеҳсолии ин хатҳои технологӣ дар як соат аз 14 то 20 ҳазор литр ва солона 82,8 миллион литр нӯшокии ташнашикани газдор ва бегазро ташкил медиҳад.

Хати муосири технологӣ, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураву шарбат пешбинӣ шудааст, дар зарфҳои шишагии 0,33 ва 0,5 литра бо усули резиши гарм ва хунук ба фаъолият оғоз кард, ки иқтидори истеҳсолии он 5 ҳазор адад зарфи шишагӣ дар як соат буда, солона ба 8,4 миллион литр мерасад.

Хати технологии истеҳсоли ғизои кӯдакона, шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ аз хамираи мева бошад, дар зарфҳои нарм дар ҳаҷми аз 90 то 220 грамм истеҳсол мегардад. Дар хати нави технологӣ дар як дақиқа 88 қуттӣ истеҳсол шуда, иқтидори солона ба 12 миллион қуттӣ баробар аст.

Ба гуфтаи масъулин, 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолшудаи ғизои кӯдакона барои содирот пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат аз ташаббуси масъулони ширкат дар самти истеҳсоли маҳсулоти босифати ғизоӣ барои кӯдакон изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ кардаанд.

Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз тавлидоти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, таъмини ғизои босифату дорои унсурҳои бойи табиӣ барои солимии кӯдакон мебошад. Зикр гардид, ки маҳсулоти нави ғизоӣ барои кӯдакон дар ҷумҳурӣ бори нахуст истеҳсол мешавад.

Дар маҷмӯъ, бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ иқтидори корхона бамаротиб афзуда, истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Баъди ба кор даромадани хатҳои нави технологии истеҳсолӣ дар ҶСП “Оби Зулол” Президент аз намоиши маҳсулоти ғизоӣ дидан кардаанд. Дар намоиш ҳамаи намуди маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ва дастовардҳои он муаррифӣ гардидааст.

Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар дастуру супориш додаанд.

Масъулон ваъда додаанд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз хати нави технологӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва васлу насб мегардад, ки барои коркарди ангур ва истеҳсоли шарбату афшура ва қанди моеъ аз он пешбинӣ шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ рӯзи 1 июл Президент ҳамчунин ба ноҳияи Деваштич рафта, дар деҳаи Далёни поёни ин ноҳия Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намудаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шудааст, ки корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи марти соли 2018 аз ҷониби соҳибкор Садрӣ Файзиев оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд ва барои 60 нафар шароити корӣ фароҳам гардид.

Беморхонаи мазкур дорои 4 ошёна буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Маркази саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дигар технологияи муосири ташхису табобат ҷиҳозонида шудааст.

Сарвари давлат пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич ва атрофи он туҳфаи арзишманд дар солгарди навбатии Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намудаанд.

Акнун, ки вазъи хизматрасонии мутахассисон дар беморхона минбаъд дар шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза сурат мегирад, Пешвои миллат онҳоро барои расонидани кӯмаки босифати тиббӣ ба сокинони ноҳия ҳидоят намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи соҳибкор Садрӣ Файзиев ва дигар шахсони ватандӯсти деҳот, ки бо бунёди беморхонаи замонавӣ шароити мусоиди фаъолият ва дастрасии сокинон ба хизматрасонии тиббиро таъмин кардаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, анҷоми чунин эҳсонкориҳоро ба нафъи миллату ҷомеа ва амали ҷавонмардона арзёбӣ намудаанд.

Дар деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич бошад, Президент аз Хоҷагии деҳқонии “Шердил” боздид намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дидан кардаанд.

Дар намоишгоҳ анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полезиҳо ба Пешвои миллат муаррифӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 17,5 гектар замин дошта, 9 гектари он замини корам, 3 гектар чарогоҳ 5,5 гектар боғ, аз ҷумла, 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок мубошад.

Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни боло нисбатан сард аст, то имрӯз дар ин ҷо кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Аммо имсол аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи “Бангкок”-ро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, дар байни қатори пиёз чормағзи заминии навъи туркӣ шинонидаанд ва он таҷрибаи нав дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад.

Дар заминҳои хоҷагӣ ҳамчунин гандум, картошка, помидор ва дигар анвоъи зироат кишт карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии “Шердил” барои истифодаи босамари замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо додаанд.