COVID-19 дар Тоҷикистон: беш аз 6 ҳазор кас сироят ёфтаанд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумораи сироятёфтагони коронавируси COVID-19 дар ҷумҳурӣ аз 6 ҳазор гузашт. Тибқи омори Вазорат, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, теъдоди умумӣ ба 6005 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, то рӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4627 нафар (77{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82})-и мубталошудагон аз ин беморӣ шифо ёфта, 52 нафар фавтидаанд:

“Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”,-омадааст дар маълумотномаи Вазорат.