Сарвазир хонаводаи марзбони қаҳрамонро аёдат кард

Shared to Facebook

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, зимни сафари корияш ба вилояти Хатлон ҳамроҳ бо раиси ин вилоят Қурбон Ҳакимзода ба аёдати волидони сарбозоне, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи неруҳои қирғиз кушта шуданд, рафта, арзи тасаллият кардаанд.

Бино ба хабари дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, сарвазир ба волидайни афсари марҳум Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон таъзия баён кардааст.

“Фарзанди Шумо ҳомии аслии марзу бум ва сарсупурдаи Ватан буд. Халқу Ватан дар симои маҳз чунин ҷавонмардони далеру шуҷоъ ҳомиён ва такягоҳи худро мебинанд. Фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ қаҳрамонии ӯву ҳамхизматонашро фаромӯш нахоҳад кард”, — қайд кардааст Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо модари афсар.

Сарвазир ба аҳли ин хонавода барои тарбияи фарзанди диловар изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни арзи таслияту ҳамдардии амиқ ба волидону пайвандони марҳум гуфтааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди манзили зист бо таъмини тамоми шароити муносиб барои фарзандони хурдсоли афсар Сафархуҷаи Акбарзод иқдом кардааст.

Ҷасади прапоршики қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзоди 31-сола, зодаи ноҳияи Фархор, субҳи 1-уми май ба хок супурда шуд.

Марҳум дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои қирғиз ба Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид.