Тағйироти кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ

Shared to Facebook

24 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Аз ҷумла, бо фармони Президент, Кишвар Шамиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуда, Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд, раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст.

Ҳамчунин, раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд Акрам Сулаймонзода ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш барканор шуда, муовини раиси вилояти Хатлон шудааст.

Ба ҷойи ӯ Баҳоваддин Баҳодурзода раиси шаҳри Исфара таъин шудааст.

Нусратулло Аюбзода ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳринав озод ва ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин шудааст.

Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа барканор шуда, ба ҷойи ӯ Бобишо Холзода ба ин вазифа таъин гардидааст. Бобишо Холзода то ин замон сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин, бо фармони Президент, ба сабаби ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳирхон Амиршозода аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Лутфия Шарифзода таъин шудааст. Шарифзода то ин вақт муовини раиси ин ноҳия буд.

Бо фармони дигар, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардидааст.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Фозилзода Мухтор Муродалӣ аз вазифаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Назарзода Хайрулло аз вазифаи ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон озод карда шудаанд.

Бо қарори дигари Ҳукумат, Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод гардидааст. Ба ҷойи ӯ Юсуфзода Гулзорхон ректори ин Донишгоҳ таъин карда шудааст.

Раҷабзода Маҳмадулло ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озод ва ба ҷойи ӯ Гулназарзода Ҷило ректори ин Донишкада таъин карда шудааст.

Исозода Диловаршоҳ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Маҳмадалӣ Бахтиёр ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин карда шудаанд.