Имрӯз, 13 октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Нахуст бинои нави муассисаи таълимии рақами 58 дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст ба истифода супорида шудааст.
Ҳамчунин, Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, ки аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо маркази ташхисию табобатии Табиб-2013 тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардидааст.
Марказ барои қабули то 30 бемор дар як вақт пешбинӣ гардидааст, дорои ҳуҷраи қабул, толорҳои тавонбахшӣ, варзишӣ, ҳуҷраҳои кории табибони бемориҳои дарунӣ, аз ҷумла духтури занона, асабшинос, ҷарроҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии ҶДММ “Файзи Осиё” аз иншооти навбатии саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар корхона истеҳсоли 10 намуди профилҳои пластикӣ ва дару тирезаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Президент ба фаъолияти ҶДММ “Хишти Шаҳринав”, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 90 миллион хишт мебошад, расман оғоз бахшидаанд.
Ҳамчунин, майдончаи болопӯшида ва толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 11 дар деҳаи Ободонии ноҳияи Шаҳринав ба таври фосилавӣ ба истифода дода шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо шароити як қатор иншооти навбунёд Сарвари давлат барои боз ҳам вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ, бунёди муассисаву корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинон дар деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири насли наврас ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ба иттилоъ расмӣ, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То таҷлили ҷашн 318 иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шудааст.





