Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия Эдмондо Чириелли, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.
“Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Таваҷҷуҳи хоса ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди сайёҳӣ зоҳир гардидааст.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Италия изҳор намудаанд.
Худи ҳамин рӯз Эдмондо Чирелли бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дидору гуфтугӯ кардааст.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ миёни Тоҷикистону Италия баррасӣ гардидаанд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва ширкатҳои италиявӣ ба татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, инчунин фаъолияти Дафтари минтақавии Агентии Италия оид ба ҳамкорӣ барои рушд (AICS) таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Тарафҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи мунтазам ва таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид кардаанд.





