Тоҷикистону Ӯзбекистон дар охири рейтинги истифодаи зеҳни сунъӣ ҷой гирифтаанд

Shared to Facebook Shared to Max

Ӯзбекистон дар раддабандии паҳншавии истифодаи зеҳни сунъӣ (AI), ки аз ҷониби Microsoft AI Economy Institute таҳия шудааст, дар байни 147 кишвар ҷойи 142-юмро ишғол кардааст. Тоҷикистон ҳамроҳ бо Туркманистон, Афғонистон ва Бурунди дар зинаи охири раддабандӣ қарор гирифтааст.

Тибқи гузориши Global AI Diffusion барои семоҳаи аввали соли 2026, аз зеҳни сунъии тавлидӣ (Generative AI) дар Ӯзбекистон 7,2 дарсади аҳолии аз 15 то 64-сола истифода кардаанд.

Аз рӯи ин нишондиҳанда танҳо Буркина-Фасо аз Ӯзбекистон поёнтар қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, барои Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон ва Бурунди нишондиҳандаи якхела – 6,1 дарсад сабт шудааст.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи беҳтаринро Қазоқистон ба худ ихтисос додааст: дар ин кишвар 15,8 дарсад аҳолии синни қобили меҳнат аз технологияҳои зеҳни сунъӣ истифода бурдаанд. Қирғизистон бо нишондиҳандаи 9,5 дарсад дар ҷойи баъдӣ қарор гирифтааст.

Дар садри раддабандӣ Амороти Муттаҳидаи Араб қарор гирифтааст: дар ин кишвар 70,1 дарсади аҳолии аз 15 то 64-сола аз зеҳни сунъӣ истифода мекунанд. Сингапур бо 63,4 дарсад дар ҷойи дуюм ва Норвегия бо 48,6 дарсад дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Ба панҷгонаи аввал ҳамчунин Ирландия ва Фаронса шомил шудаанд.

Амрико бо нишондиҳандаи 31,3 дарсад дар ҷойи 21-ум, Русия бо 9,5 дарсад дар зинаи 117-ум қарор гирифтаанд.

Коршиносони Microsoft гуфтаанд, истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон босуръат афзуда, дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳиссаи истифодабарандагони зеҳни сунъии тавлидӣ дар байни аҳолии қобили меҳнат аз 16,3 то 17,8 дарсад зиёд шудааст.