Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон дар мавқеъи худ устувор мемонад

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо нигаронӣ аз вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон гуфтаанд, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки маҳз таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, метавонад дар Афғонистон заминаи устувори истиқрори сулҳу суботро фароҳам оварад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 июл дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президент ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими ҳарамайни шарифайн Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Валиаҳд, Раиси Шӯрои Вазирони Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишаст ва меҳмоннавозӣ миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамзамон ҷониби Арабистони Саудиро барои сатҳи баланди ташкилӣ ва бомуваффақият баргузор намудани мавсими Ҳаҷ дар соли ҷорӣ табрик гуфтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷ ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудааст.

Дар ин замина дар баробари тамаркузи таваҷҷуҳ ба аҳамияти роҳандозии муколамаи стратегӣ дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ — Халиҷ”, омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, аз ҷумла дар доираи “Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2023-2027” изҳор гардидааст:

“Ин амр барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас заминаи мусоид фароҳам меорад”, — таъкид кардаанд Президенти Тоҷикистон.

Дар суханронӣ аҳамияти чунин бархӯрд ҳамчун заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас таъйид гардида, истифодаи иқтидори ниҳодҳои молиявӣ ва фондҳои рушди кишварҳои Халиҷ ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ин раванд муҳим дониста шудааст.

Сарвари давлат алоқамандии худро барои ҷалби сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба иқтисоди Тоҷикистон изҳор доштаанд ва дар ин робита пешниҳод намудаанд, ки Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи “Осиёи Марказӣ — Халиҷ” таъсис дода шавад.

Соҳаҳои энергетика, саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин кишоварзӣ, бонкдорӣ, туризм, иқтисоди рақамӣ, самтҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва транзитиву нақлиётӣ аз ҷумлаи бахшҳои авлавиятнок дар раванди татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ номбар шудаанд.

Дар ин зимн, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷ ба рушди “энергетикаи сабз” махсус таъкид гардидааст.

 Президент, ҳамчунин, атрофи дигар самтҳои ояндадори ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳаммияти минтақавӣ, сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ изҳори назар кардаанд.

Бо дарназардошти зарфиятҳои фаровони Тоҷикистон, изҳори омодагӣ карда шудааст, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иқдомҳои муштараки муассир роҳандозӣ гардад. Гуфта шудааст, ҷорӣ намудани низоми яктарафаи бераводид аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2022 барои шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Халиҷ ба пешбурди босамари ин раванд мусоидат мекунад. 

Дар баробари ин, тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз василаҳои босамари таҳкими дӯстӣ ва наздикии мардумони кишварҳои ду минтақа дониста шудааст.

Зимни таъкиди тамоюли шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалӣ, Сарвари давлат масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди назар қарор додаанд. Дар ин росто ба масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шудааст.

Гуфта шудааст, дигаргуниҳои куллӣ дар низоми равобити байналмилалӣ, ки имрӯз бар асари рақобатҳои геополитикии глобалӣ сурат мегиранд, мебояд ба он тамаркуз кард.

“Минтақаҳои мо низ аз ин таҳаввулот дар канор намондаанд”, — таъкид кардаанд Президент ва афзудаанд, дар шароити кунунии шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалии амниятӣ кишварҳои моро зарур аст, ки барои ҳалли қазияҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ тамосу ҳамкориҳои бештар зичро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, ба таври муассир роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҳим арзёбӣ гардидааст.

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро бори дигар ба вазъи мураккаби низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ҷалб намуда, таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон буд ва дар ин мавқеъ устувор мемонад.

“Дар баробари ин, мо бар онем, ки таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бахусус занону духтарон, метавонад дар Афғонистон заминаи устувори истиқрори сулҳу суботро фароҳам оварад. Мо аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон ва тадбирҳои расонидани кумакҳои гуманитарӣ ба мардуми он ҷонибдорӣ менамоем. Омодаем, ки дар ин ҷода бо кишварҳои арабии Халиҷ ҳамкории созанда дошта бошем”, — изҳор доштаанд Сарвари давлат.

Гуфта шудааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо, воқеан, бештар аз ҳарвақта ба ҳамкориҳои муассир дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ниёз дорад. Сарвари давлат бо ибрози миннатдорӣ барои дастгирӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ин ҷода, изҳори умед намудаанд, ки минбаъд низ ҳамкории самарабахш оид ба ҳалли мушкилоти об ва тағйирёбии иқлим идома дода мешавад.

Ба сурати умум, Президенти Тоҷикистон аз роҳандозии тамосҳои бештар зич дар ҳалли масоили номбурда ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар ин самт бо кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намудаанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ қабул гардидааст.