Сарвазири Ӯзбекистон охири ин моҳ ба Душанбе меояд

Shared to Facebook

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аввали ҳафтаи оянда ба Душанбе ташриф меорад.

Дар доираи ин сафари ӯ ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, ҳамчунин ташкил ва баргузории анҷумани соҳибкорони ҳарду кишвар дар назар аст.

Дар ин бора зимни баррасси омодагӣ ба сафари Абдулло Орипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов ҳам омодагӣ ба ин ҷаласа баррасӣ шуд.

“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд”, — хабар дод маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар мулоқот зикр шудааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарони ду давлат ҳамкории стратегӣ босуръат рушд карда истодааст.