Қаноатмандӣ аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 сентябр, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ кардаанд:

“Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардид”, — хабар дод Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар чорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ намудаанд.

Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.

Дар мулоқот инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд.