17 қочоқчии мухаддирот афғон дар даргириҳо бо марзбонони Тоҷикистон кушта шудаанд

Shared to Facebook
Зафар САМАД
директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳафт даргирии мусаллаҳона байни неруҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин даргириҳо 17 шаҳрванди Афғонистон кушта шудаанд. Дар ин бора имрӯз, 13 июл, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Зафар Самад дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамоно масири асосии талошҳои қочоқи маводи мухаддир ба кишвар боқӣ мемонад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт 1513 килограмм маводи мухаддир мусодира кардаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 1692 килограммро ташкил медод.

Ба гуфтаи масъулони Агентӣ, маълумоти оперативӣ нишон медиҳад, ки дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ идома дошта, озмоишгоҳҳои пинҳонии истеҳсоли онҳо фаъолият мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мақомот, дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳолати парвариши кӯкнор ё истеҳсоли маводи мухаддир ба қайд гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ҳукумати Афғонистон қаблан изҳор дошта буданд, ки дар чанд соли охир парвариши кӯкнор, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар қариб пурра аз байн бурда шудааст. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) низ хабар дода буд, ки майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон тайи се соли охир 95 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир се баробар афзудааст. Дар ин муддат 28 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта чунин ҳолат ҳамагӣ 10 нафарро ташкил медод.

Аз ин афрод, дар маҷмӯъ, 694 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Барои муқоиса, соли гузашта аз шаҳрвандони хориҷӣ 147 килограмм маводи мухаддир дарёфт гардида буд.

Аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Ба гуфтаи мақомот, 18 шаҳрванди Афғонистон боздошт шуда, аз онҳо 601 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ҳамчунин, шаш шаҳрванди Узбекистон бо 65 килограмм, як шаҳрванди Қазоқистон бо 10 килограмм, ду шаҳрванди Қирғизистон бо 5 килограмм ва як шаҳрванди Украина бо 11 килограмм маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ 2963 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 килограмм ё 5 дарсад камтар мебошад.

Қисми асосии маводи мусодирашуда ба гурӯҳи каннабис тааллуқ дошта, ҳаҷми он 1741 килограммро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш 293 килограмм ё 14,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми афюн ва дигар маводи мухаддири гурӯҳи афюнӣ низ ба 696 килограмм расида, нисбат ба соли гузашта 221 килограмм ё 24 дарсад кам шудааст.

Дар баробари ин, мусодираи моддаҳои психотропӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 526 килограмм чунин моддаҳо мусодира шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 3,3 баробар зиёд аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 1 июли соли 2026 дар Тоҷикистон 3959 нафар ҳамчун гирифтори вобастагӣ аз маводи мухаддир дар қайди муассисаҳои наркологӣ қарор доштаанд. Аз онҳо 111 нафар зан мебошанд.

Ба ҳисоби миёна, ба ҳар 100 ҳазор аҳолии кишвар 39,6 нафар вобаста ба маводи мухаддир рост меояд. Ба гуфтаи масъулони Агентии назорати маводи нашъаовар, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар кишварҳо аз пасттаринҳо ба шумор меравад.

Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ, мақомоти Тоҷикистон 333 килограмм маводи мухаддири мусодирашударо нобуд карданд.