Абдуҷаббор Раҳмонзода – сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Shared to Facebook

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ин вазифа озод карда шуда, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардидааст.

Фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 4 май тасвиб шудаанд.

Қаблан Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ буд, ки моҳи гузашта муҳлати ваколаташ ба анҷом расид. 27 апрел бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Имомӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президент, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Зарифзода Почохон Ҳабибулло аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дӯстзода Ҳасан Тағдир аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод карда шудаанд.

Бо фармонҳои дигар, Гулзода Зафар Шамсудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Ҷобирзода Додарҷон Пулод иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шудаанд.

Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шудаанд.