Ахбори Вазорати корҳои хориҷӣ

Shared to Facebook

Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Арманистон

4 май бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян баргузор гардидааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот додааст:

“Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Айвазян аз раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон табодули афкор карда, ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии СААД-ро, ки 18-19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намудаанд.

Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Афғонистон

4 май Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфтааст:

“Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни вазъи кунунии Афғонистон, ба хусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси сулҳ дар Истанбул, паёмадҳои эҳтимолии хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишвар ҳимоят мекунад.

Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Сафири Туркия

4 май дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардидааст.

Дар мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон маълумот дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад.

Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид кардааст, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофҳои марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки лозим расонад. 

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар кардаанд.