Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир се баробар афзудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин муддат 28 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта чунин ҳолат ҳамагӣ 10 нафарро ташкил медод.
Аз ин афрод, дар маҷмӯъ, 694 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст. Барои муқоиса, соли гузашта аз шаҳрвандони хориҷӣ 147 килограмм маводи мухаддир дарёфт гардида буд.
Аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Ба гуфтаи мақомот, 18 шаҳрванди Афғонистон боздошт шуда, аз онҳо 601 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ҳамчунин, шаш шаҳрванди Узбекистон бо 65 килограмм, як шаҳрванди Қазоқистон бо 10 килограмм, ду шаҳрванди Қирғизистон бо 5 килограмм ва як шаҳрванди Украина бо 11 килограмм маводи мухаддир дастгир шудаанд.




