ДУШАНБЕ, Тоҷикистон — Дар Сарбонки ҶСК «Ориёнбонк» вохӯрии кории роҳбарияти бонк бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷи баргузор гардид, хабар додааст хадамоти матбуоти бонк.
Ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳамгироии принсипҳои ESG (экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ)-ро дар бахши молиявии кишвар ва ташаббусҳои муштаракро ҷиҳати ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти мулоқот ҷаноби Судипто Мукерҷи нақшаи нави стратегии БРСММ-ро барои Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ба лоиҳаҳои ҷорӣ ва ояндадори созмон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Шарикони байналмилалӣ ба барномаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории ҷавонон ҳамчун пойдевори ояндаи устувори ҷумҳурӣ таъкид намуданд.
Роҳбарияти ҶСК «Ориёнбонк» дар навбати худ омодагии худро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ (ҲРУ) тасдиқ намуд. Намояндагони бонк ба меҳмонон маҷмӯи лоиҳаҳоеро муаррифӣ карданд, ки аллакай имрӯз дастрасии ҷавононро ба воситаҳои муосири молиявии рақамӣ, барномаҳои таълимӣ ва маблағгузории стартапҳо таъмин менамоянд.
Уфуқҳои нав: Гузариш ба ESG ва барориши вомбаргҳои сабз
Яке аз мавзӯъҳои муҳими муколама баррасии нақшаҳои ҶСК «Ориёнбонк» оид ба гузариши ҳамаҷонибаи ESG гардид. Бонк расман нияти худро дар бораи дар оянда ба роҳ мондани барориши вомбаргҳои «сабз» эълон намуд.
Сармояе, ки дар доираи барориши коғазҳои қимматноки “сабз” ҷалб карда мешавад, барои қарздиҳии мақсадноки лоиҳаҳои нав равона хоҳад шуд. Ин иқдом дастрасии стартапҳои технологӣ, экологӣ ва иҷтимоиро, ки маҳз аз ҷониби соҳибкорони ҷавон таъсис дода мешаванд, ба сармоя таъмин менамояд.
«Мо фаъолияти бисёрсолаи БРСММ-ро дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунем ва дар якҷоя кардани таҷрибаи СММ бо имкониятҳои рақамӣ ва молиявии «Ориёнбонк» иқтидори бузургро мебинем. Дастгирии насли нави соҳибкорон тавассути воситаҳои инноватсионӣ, аз қабили вомбаргҳои “сабз”, ин саҳми мо дар шаклгирии иқтисодиёти фарогир ва аз назари экологӣ тозаи кишвар мебошад», — қайд намуд Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» муҳтарам Ҳасан Асадуллозода.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои зич ва ҳамаҷониба баҳри рушди устувор, таҳкими шарикии дуҷониба ва шукуфоии ҷумҳурӣ изҳор намуданд.




