28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурра ва барзиёд таъмин намудани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли ватанӣ ба сохторҳои дахлдор як қатор супоришҳои қатъӣ доданд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд.
Бо ин иқтидор ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад.
Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.




