Тоҷикистон аз мавқеъи ҳукумати Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад

Shared to Facebook

Дар раванди музокироти сулҳи Афғонистон, ки имрӯзҳо идома дорад, Тоҷикистон мавқеи ҳукумати он кишварро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар изҳор доштааст.

Мулоқоти мазкур рӯзи 17 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, зимни он ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву башарӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятиро баррасӣ кардаанд.

Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шуда ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба изҳори ақида намудаанд.

Дар баробари ин, алоқамандии ҷонибҳо ба сатҳи навини ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҳунар ва итилоот таъкид гардидааст: 

“Вобаста ба ин Пешвои миллат идомаи таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони Афғонистонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёти он дар қатори самтҳое номбар кард, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба таври хосса пайгирӣ менамояд”, — хабар дод манбаъ.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намудаанд.

Вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа ва оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳаниф Атмар будааст: 

“Роҷеъ ба ин мавзуот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он қайд намуданд”, — омадааст дар гузориш.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ суҳбат анҷом доданд.

Зимнан, Ҳаниф Атмар рӯзи 17 сентябр дар раҳбарии як ҳайати баландпояи давлатӣ ба Душанбе омад. Сафари ин ҳайат имрӯз ҳам идома меёбад.